Озодӣ ва ҳуқуқи шахс муқаддасанд

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

DSC_1913Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он мавқеи муҳим дошта, муқаддас шуморида мешаванд.

Атрофи ин масъалаи муҳим, ки дар Конститутсия ҳамаҷониба инъикос гардидааст, хабарнигорамон бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода мусоҳиба доир намуд.

-Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва ҳимояи он дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ тавр баён ёфтаанд?

-Инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯ меҳвари Конститутсияро ташкил дода, онҳо муайянкунандаи мазмуну муҳтавои ин санади муқаддас мебошанд. Бесабаб нест, ки ифодаи ин арзиши олӣ аз муқаддимаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, дар қисмати охири он хотима меёбад. Масалан, дар дебочаи Сарқонун чунин омадааст: «Мо — халқи Тоҷикистон …озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда… ҳамин Конститутсияро қабул ва эълон менамоем». Ҳамчунин  инъикоси ин арзиши олӣ дар боби якуми Конститутсия, ки зербинои ин санадро дар бар мегирад (моддаи 5. Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд), дар боби дуюм, ки пурра ба ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои асосии инсон бахшида шудааст ва дар дигар қисматҳо ифода ёфтааст.

-Дар навбати худ шаҳрвандон кадом вазифа ва масъулияту уҳдадориҳоро бояд иҷро намоянд? Муносибат бо шахсони бешаҳрванд чӣ гуна аст ва ҳуқуқҳои онҳо бо кадом тарз ҳифз мешавад?

-Дар ҷомеаи инсонӣ зиндагӣ ва фаъолият карда, бе уҳдадориҳо будан ғайриимкон аст. Зеро дар чунин ҷомеа ҳар як шахс нисбати якдигар ва нисбати давлату ҷомеа бояд уҳдадориҳои мушаххасро дошта бошад, ки онҳо барои таъмини ҳуқуқу озодии дигарон, суботу оромӣ, тартиботу пешрафти ин ҷомеа зарур мебошанд. Дар Сарқонун вазифаҳои асосии конститутсионии инсон сабт мегардад, дигар вазифаҳои ӯ бошад дар қонунҳои амалкунанда пешбинӣ мегарданд. Аз ҷумла вазифаҳои конститутсионии шаҳрвандон дар моддаҳои 42-45-уми Конститутсия пешбинӣ шудаанд, ки онҳо: риояи Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон; ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он; ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳое, ки қонун муайян кардааст, мебошанд.

Шахсони бешаҳрванд нафароне мебошанд, ки онҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надоранд ва шаҳрванди давлати дигар низ нестанд. Чунин ҳолатҳо дар ҳаёт вомехӯранд. Масалан, шахс шаҳрвандии худро бо ягон асос (маҳрум шудан, истиқомати дуру дароз надоштан дар давлате, ки ӯ шаҳрванди он мебошад ва дигар сабабҳо) гум кардааст, аммо шаҳрвандии давлати дигарро нагирифтааст. Мутобиқи моддаи 16-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсони номбурда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, аз ҳуқуқ ва озодиҳои мавҷуда баробари шаҳрвандони Тоҷикистон истифода мебаранд ва вазифаю масъулияти баробар доранд. Ин гурӯҳ шахсон тибқи қонунҳои мавҷуда аз ҳуқуқҳои сиёсӣ (ҳуқуқ ба иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, ҳуқуқи аъзогӣ ба ҳизби сиёсӣ ва дигарҳо) бархӯрдор нестанд.

-Дар кадом ҳолатҳо зарурияти маҳдуд кардани озодӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон пеш меояд?

-Ин ҳолатҳо дар моддаи 14-и Конститутсия муқаррар шудаанд. Дар он таъкид шудааст, ки «Маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд танҳо бо мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад». Ин меъёрҳо, тавре ки ишора шуд, барои амну суботи ҷомеа ҳуқуқу озодиҳои дигарон, инчунин ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии мамлакат зарур мебошанд. Онҳо аз санадҳои умумиэътирофшудаи байналмилалӣ маншаъ мегиранд. Аз ҷумла муқаррар кардани ин меъёрҳо дар моддаи 29- и Эъломияи умумиҷаҳонии ҳуқуқи башар ва дар моддаи 22-и  Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ пешбинӣ шудаанд.

-Шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ доранд ва теъдоди зиёди онҳоро муҳоҷирони меҳнатӣ ташкил медиҳанд. Мутобиқи қонунгузорӣ онҳо таҳти ҳимояи давлат қарор доранд. Механизми татбиқи он аз ҷониби кадом сохторҳои давлатӣ амалӣ мешаванд?

-Мутобиқи моддаи 16- и Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар таҳти ҳимояи давлат мебошад. Чунин ҳимоя дар асоси санадҳои байналмилалӣ ва созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи байни давлатҳо амалӣ мешавад. Асосан ин амалҳо тавассути намояндагиҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар иҷро мегарданд.

Соли 2004 Созишомаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия дар бораи фаъолияти меҳнатӣ ва ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва шаҳрвандони Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки тибқи он ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандони мо дар ин кишвар мавриди ҳимоя қарор дода мешавад. Ҳамчунин дар минтақаҳои ин кишвар намояндагиҳои Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки онҳо бевосита ба масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ сарукор доранд.

Бо назардошти муҳим будани масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои муҳоҷирони меҳнатии мо пайваста кӯшиш менамояд. Аз ҷумла бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Федератсияи Россия ва Ваколатдорони шаш минтақаҳои он Созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расида, пайваста ин раванд густариш ёфта истодааст.

-Ташкили мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмин ва ҳифзу манфиатҳои шаҳрвандон то чӣ андоза мусоидат мекунад?

-Моҳи майи соли ҷорӣ аз таъсиси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон панҷ сол сипарӣ мешавад.  Ин муҳит барои мақом хеле муҳим дониста мешавад, зеро давраи ташаккулу таҳкими он буд. Хушбахтона, дар ин муддат сохтори фавқуззикр пайваста таҳким ёфт ва вазифаҳои худро ҳамаҷониба амалӣ карда истодааст.

Аз ҷумла дар ҳашт минтақаи ҷумҳурӣ қабулгоҳҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфтанд ва самаранок фаъолият доранд. Ҳамкориҳои мо бо дигар мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ рушд ёфтанд. Аз ҷумла соли 2013-ум 2528 муроҷиати шаҳрвандон баррасӣ шуданд, ба 66 лоиҳаи санадҳо хулосаҳо пешниҳод гардид. Дар ҳамин радиф, 34 санҷиш оид ба самтҳои гуногуни ҳуқуқи инсон гузаронида шуда, 13 конференсия, семинар ва мизҳои мудаввар баргузор гардиданд.

-Ҳамкориҳои байналмилалии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кадом сатҳ қарор доранд?

-Яке аз самти фаъолияти мо таъмини рушд ва ҳамоҳангсозии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон мебошад. Ин ҳамкориҳо дар якчанд самт амалӣ мешаванд. Аз ҷумла иштирок дар таҳия ва муҳокимаи маърӯзаҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сохторҳои дахлдори СММ доир ба уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон ва мусоидат ба иҷрои тавсияҳои ин сохтори СММ. Ҳамкориҳо бо дигар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла бо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон, Намояндагии Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, Созмони Швейтсарӣ оид ба ҳамкорӣ ва рушд, САҲА, Институти Даниягӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Ҳелветас, Хазинаи кӯдакони СММ, Созмони байналмилалии муҳоҷират ва ғайра ҳамаҷониба рушд ёфта истодаанд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»