Раиси шаҳр аз фаъолияти нокифояи масъулин дар бахши танзими маросимҳои миллӣ изҳори нигаронӣ намуд

№ 28.09.2016

26 сентябри соли 2016 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев  бо иштироки раисони комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, комиссияҳои шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», хадамоти назорати давлатӣ, муҳандисию хизматрасониҳои коммуналӣ ва ғайра ҷаласаи васеи корӣ баргузор гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев қабл аз ҳама аз фаъолияти комиссияҳои амалкунандаи шаҳрию ноҳиявӣ ва ҷамъиятии назорати танзими расму оин дар шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, зикр сохт, ки сабаби асосии аксари қонунпоймолкуниҳо дар ин самт хунукназарии масъулин аст.

Барои роҳандозӣ накардани назорати дахлдор ва ташкили ҳамоҳангии фаъолияти комиссияҳои зикршуда ба муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷамила Лангариева, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр Фирӯз Ӯлмасов ва мудири  шуъба оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Назруллоҳи Муҳаммадюсуф бо муқаррар кардани охирин огоҳӣ барои ислоҳи вазъ як моҳ муҳлат дода шуд. Сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе Манзура Саломова аз вазифа сабукдӯш гардид.

Дар иртибот ба ин масъала Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи прокурори шаҳр ва прокурорҳои ноҳияҳои шаҳрро даъват намуд, ки баҳри таъмини волоияти қонун чораҳои назоратиро пурзӯр намуда, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинон, густариши фаъолият алайҳи ифротгароӣ ва дигар зуҳороти  номатлуб, пешгирӣ ва аз байн бурдани тақлидкорӣ ва таъсирасонии фарҳанги бегона тадбирҳои муассири оммавӣ андешанд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев фаъолияти роҳбарияти Раёсат ва шуъбаҳои корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он,  ба хусус нозирони минтакавиро дар самти иҷрои қонуни зикршуда ва аз байн бурдани савдои кӯчагӣ, ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуда,  дастур дод, ки оид ба рафъи ин зуҳуроти номатлуб бо дарки баланди масъулияти хизматӣ амал намоянд.

Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳо оид ба хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ,  аз байн бурдани камбудиҳои ошкоргардида зимни тафтиши мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетӣ дар солҳои 2014- 2016  таъсиси ситодҳои соҳавии омодагӣ ба зимистон, ҳимояи ҳуқуқу амнияти истеъмолкунандагон, назорати давлатии сифати маҳсулоти озуқавории ба бозори истеъмолӣ воридшаванда, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ, сарфакорона истифодабарии неруи барқ ва пардохти ҳаққи он, таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳбудбахшии вазъи санитарию эпидемиологӣ, ҳолати зиддисӯхторӣ, назорати ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, омодагиҳо ба чорабиниҳои фарҳангӣ, бахусус ба Рӯзи Парчам, баррасӣ гардидаанд.

Ш. Саидов