Роҳнамо ва барномаи мукаммал

№10 (3490) 23.01.2016

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат аз ҷониби аҳли ҷомеа ҳамчун як барномаи мукаммали бунёдӣ ва роҳнамо барои ояндаи неки кишвар хеле хуш пазируфта шуд. Зимни суҳбат ба хабарнигори рӯзнома чанде аз шаҳрвандон андешаҳои хешро чунин баён карданд:

 

Садриддин БАДРИДДИНОВ, мудири кафедраи «Нақшакашӣ ва геодезияи муҳандисӣ»-и Коллеҷи техникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ: — Имсол аз  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Паёми навбатии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози чунин соли фаромӯшношуданӣ ироа гардид. Дар он тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа ба таври муфассал таҳлил гардида, нақшаҳои минбаъда муайян карда шуданд. Бо итминони комил метавон гуфт, ки суханони Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони кишварро ба созандагию ободкорӣ раҳнамун месозад. — Ҳар яки мо вазифадорем, ки бо амалисозии иқдому ташаббусҳои неку созанда ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани дастовардҳои истиқлолият, тақвияти иқтидори иқтисодии давлат, беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ободии Ватани азизамон бо роҳи ҳар чӣ зудтар расидан ба ҳадафҳои стратегии миллиамон қарзи фарзандӣ ва рисолати шаҳрвандии худро дар назди халқ ва давлати Тоҷикистон содиқонаву софдилона иҷро намоем,- таъкид шудааст дар Паём.

Ман беш аз 47 сол аст, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунам. Махсусан дар замони соҳибистиқлолӣ дар бунёди як қатор иншооти маъмурӣ, фарҳангӣ, хонаҳои истиқоматӣ ширкат намуда, ба шогирдони зиёд нозукиҳои ин касбро омӯхтаам. Таҳсилкардаи Техникуми сохтмонии шаҳри Душанбе, Донишкадаи политехникии шаҳри Душанбе (ҳоло Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ) ва Институти политехникии шаҳри Харкови Украина  ҳастам.  Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар идораю муассисаҳои сохтмонӣ ба сифати роҳбар ва шахси масъул  фаъолият доштам ва дар Федератсияи Россия, Украина, Беларус ва Эстония дар курсҳои бозомӯзӣ таҳсил кардам. Соли 2000 дар трести «Душанбесохтмон» ба вазифаи сармуҳандис таъин шудам. Тайи ин солҳо даҳҳо биноҳои таъиноти гуногунро бунёд намудем. Инак, аз соли 2011 инҷониб, ба омӯзгорӣ пардохта, мутахассисони ояндаи соҳаи сохтмонро таълим медиҳам. Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарбияи ҷавононро махсус таъкид карданд, зеро дар шароити бархӯрдҳои ҷаҳони имрӯз, ноамниҳо дар кишварҳои зиёди олам, авҷ гирифтани ифротгаройӣ  ва ҷалби насли ҷавон ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша ин мавзӯъ хеле муҳим аст. Сарвари давлат барҳақ зикр карданд, ки маҳз ҷавонони бесавод ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтанд. Бинобар ин, баҳри тарбияи наврасону ҷавонони ҳушёру зирак ва саводнок мо — устодон ва волидон масъулем. Бо дарки чунин масъулияти баланд саъй менамоем, ки вазифаи хешро содиқона ба ҷой орем.

 Мирзоамин МИРСАИДЗОДА, собиқадори меҳнат: — Ман солҳои зиёд дар идораҳои давлатӣ кор кардам ва мушоҳида намудам, ки ободонию бунёдкориҳое, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ сурат гирифтанд, назир надоранд. Ин созандагиҳо ва пешрафти кишвар таҳти сарварии Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз вусъат меёбанд. Давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ симои тамоми шаҳру ноҳияҳо дигаргун шуд ва онҳо ва рӯ ба ободӣ оварданд. Боре ба Душанбеи азиз нигаред: Маҷмааи муҳташами Исмоили Сомонӣ, иморати хуштарҳи Китобхонаи миллии Тоҷикистон, бинои зебои Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Боғи устод Рӯдакӣ, Нишони давлатии Тоҷикистон, Парчами давлатии Тоҷикистон, ки дар ҷаҳон назир надорад, бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қасри миллат симои пойтахти тоҷиконро куллан тағйир дода, ба ҳусни шаҳр назокату таровати тоза зам намудаанд. Итминони комил дорам, ки солҳои наздик шаҳри азизи мо дурдонаи тобноку дурахшони ҷаҳон хоҳад шуд.

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тариқи телевизион тамошо карда, бори дигар дилпур шудам, ки Ватани мо таҳти сарварии ин марди ҷасуру дурандеш боз ҳам ободтар мешавад. Сарвари давлат таъкид намуданд, ки: «ҳамаи мо вазифадорем, ки бо шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва сулҳу оромии кишвар, ба хотири фардои неку ободи Ватанамон ҳар чӣ бештар заҳмат кашида, Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонем». Умедворам, ки дар ҳаёт татбиқ намудани нишондодҳои Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр шуданд, ба боз ҳам баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ, рушди соҳаҳо мусоидат мекунад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»