Рушди ҳамкориҳо аз дурнамои неки онҳо шаҳодат медиҳад

№78(3379) 08.06.2015

Чоруми июни соли равон дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex invest»-и Вазорати сармоягузорӣ ва рушди Ҷумҳурии Қазоқистон бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистон — Қазоқистон баргузор гардид.

Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шариф Саид зимни суханрониаш зикр кард, ки  соли гузашта Ҷумҳурии Қазоқистон аз руйи ҳаҷми гардиши мол пас аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой сеюмин шарики тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Номбурда  аз мавҷуд будани фазои хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, соҳибкорони қазоқро ба рушди бештари ҳамкориҳо даъват намуд.

Директори иҷроияи Агентии миллӣ оид ба содирот ва сармоягузории «Kaznex invest» Аскар Арынов зикр кард, ки то имрӯз ин панҷумин чорабиние мебошад, ки ташкилоти мазкур дар шаҳри Душанбе баргузор намудааст. Дар ин ҳамоишҳо зиёда аз 60 соҳибкорони Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, ба маблағи зиёда аз 35 миллион доллари ИМА шартномаҳо ба имзо расонидаанд. Бино ба гуфти мавсуф,  шурӯъ аз соли 2010  гардиши мол миёни Тоҷикистону Қазоқистон мунтазам рушд намуда, дар соли 2014 ба 700,56 миллион доллари ИМА баробар шуд, ки нисбат ба соли 2013-ум 23 фоиз зиёд мебошад.

Дар бизнес — форум 24 корхонаи қазоқистонӣ, ки дар соҳаҳои мошинсозӣ, кимиёвӣ, сохтмон, фарматсевтӣ, хӯрокворӣ ва металлургӣ фаъолият менамоянд, иштирок намуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»