“Саноатикунонӣ дар масири рушд”​

№ 03.06.2024

КОНФ МИРЗОЧунин унвон дошт конфронси илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки 28 май бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд   дар Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи​ Рӯдакии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Бахшида ба ин чорабинӣ дар саҳни бинои Кохи фарҳанг  35 корхонаи саноатии вилоят ва хоҷагиҳои ёрирасони ҲХДТ маҳсулоти хешро ба маъраз гузоштанд.

Кори конфронсро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки ​соҳаи саноат яке аз манбаъҳои муҳими рушди минбаъдаи кишвар маҳсуб ёфта, пешрафти он имкон медиҳад, ки сарчашмаҳои иловагии даромади буҷети давлатӣ пайдо гардида, барои аҳолӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда шаванд.

Бино ба гуфти Р. Аҳмадзода ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд сохта ба истифода додани зиёда аз 700 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 14 ҳазор ҷойи нави корӣ ба назар гирифта шудааст. Дар соли равон бошад,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 140 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ бо 3000 ҷойи нави корӣ пешбинӣ шуда, таи чор моҳи соли ҷорӣ дар вилояти Суғд 53 корхона бо 377 ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд.

Баъдан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло дар мавзуи “Саноат омили рушди иқтисод”, ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммаддовуд Саломиён дар мавзуи “Иҷроиши ҳадафҳо, нақшаву стратегияҳо ва вазифагузориҳои самти саноат ҳамчун далел аз амалисозии нуқтаҳои муҳими Паём”,​ ​ муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода дар мавзуи “Саҳми соҳаи маориф дар амалигардонии ҳадафи чоруми стратегии кишвар — саноатикунонии​ ​ иқтисодиёт”, муовини вазири саноат ва технологияҳои нав Бахтиёр Сафарзода дар мавзуи “Аҳамияти саноат дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар замони истиқлол” маъруза карданд.

Маърӯзачиён таъкид намуданд, ки рушду такомули соҳаи  ҳаётан муҳими саноат баҳри  таҳкими иқтисодиёт, таъсиси ҷойҳои нави кори мавсимию доимӣ, афзоиши иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он, ҳамзамон, баланд шудани сатҳи некӯаҳволии мардум заминаи мустаҳкам мегузорад. Ин аст, ки саноатикунонии босуръат ва аз кишвари аграрӣ – индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани мамлакат ҳамчун  ҳадафи чоруми миллӣ қабул гардидааст.

 Мирзоаъзам МАҚСУДОВ,

“Садои мардум”.