Шаъну шарафи инсон дахлнопазир аст

№16 (3162) 15.02.2014

Чанде қабл дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила, шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф» семинар доир гардид.

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти милитсия Рамазон Раҳимов дар суханронии  ифтитоҳии худ зикр намуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирии шиканҷа кори зиёдеро ба сомон  расонидааст.

Аз ҷумла, дар муассисаҳои нигоҳдории муваққатӣ, қисмҳои навбатдории мақомоти корҳои дохилӣ насб шудани  камераҳои назоратӣ, таъсиси марказҳои тестӣ, фаъол гаштани телефони боварии сомонаи вазорат ва татбиқи марҳилаи аввали лоиҳаи инноватсионии «Шаҳри бехатар» ба масъалаи пешгирии шиканҷа ва амалҳои  вобаста ба он  мусоидат хоҳанд кард.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимзода Шерхони Одина дар семинар суханронӣ карда, доир ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда оид ба шиканҷа маълумоти муфассал дод.

Мувофиқи ин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи нав- моддаи 1431 илова шудааст. Мафҳуми ин модда пурра ба талаботи моддаи 1 Конвенсияи зидди шиканҷа мутобиқ буда, муҷозоти дар он пешбинишуда ба вазнинии кирдорҳо мувофиқат мекунад. Соли гузашта ба мақомоти прокуратура 16 арзу шикоят дар бораи шиканҷа ва дигар намудҳои зӯроварӣ дохил шуд, ки дар чор ҳолат (соли 2012-ум 9 ҳолат) тасдиқ ёфта, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шуд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар баромадаш зикр кард, ки аз якчанд муассисаҳои ислоҳӣ дидан карда, ба шароит ва вазъи маҳбусон шинос гардид. Аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ вобаста ба пешгирии шиканҷа таҳия ва нашр шуд.

Дар семинар ҳамчунин раиси Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторов, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова  суханронӣ карданд.

М. АЪЗАМ, «Садои мардум»