Шаҳр «занбӯрхона», вале корхона дар домани кӯҳ

№46 (3526) 07.04.2016

 DSC01330Ду сол пеш, аз тарафи рости роҳи мошингарди шаҳри Хоруғ, дар маҳаллаи «Селхозтехника» трактор кӯҳро шикоф карда, сангтӯдаҳоро  берун мебаровард. Баъди даҳ рӯз аллакай кӯҳпора нисф гашту диққати роҳгузаронро  ба худ ҷалб намуд.

Баъд аз се моҳ ин макон аз кӯҳпора тоза гардиду сохтмончиён ба бунёди бино оғоз карданд.

Иттилоъ гирифтам, ки муаллифи ин ибтикор яке аз соҳибкорони муваффақи шаҳри Хоруғ Султонбахт Мардонаева мебошад.

- Мақсади ман дар ин кӯҳдоман  сохтани як бинои панҷошёна аст. Дар баробари ин, барои занон ҷойи корӣ муҳайё карданиам, — иброз дошт Султонбахт Мардонаева.

Ҳеҷ бовар надоштам, ки дар чунин  ҷойи ноқулай бинои боҳашамату зебо месозанд. Вале иродаи қавии ин зани меҳнатдӯст исбот  намуд, ки  ӯ қодир аст дар ободонии шаҳр ҳиссаи хешро гузорад.

Султонбахт зодаи деҳаи дурдасти Даржомчи водии Бартанг мебошад. Кӯдакиаш низ дар ин водӣ гузаштааст. Касби падараш чӯпонӣ буд. Азбаски пашму мӯинаи зиёд доштанд, модару духтар ба бофтани ҷӯроб шавқу рағбати зиёд пайдо намуданд.

Баъд аз хатми мактаб-интернати деҳаи Сипонҷ барои давом додани таҳсил ба Омӯзишгоҳи касбии техникии рақами 58 — и шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1986 хатм намуд. Баъди чанд соли кор ба шавҳар баромада, дар шаҳри Хоруғ ба фабрикаи «Хайёт» ба кор медарояд. Ӯро  сардори сехи ҷӯроббофӣ таъин карданд.  Сехеро, ки сарварӣ мекард, 178 нафар бофанда дошт.

- Соли 1992 корхона баста шуд ва ман маҷбур шудам ба дигар кор машғул шавам. Дар водии Бартанг, дар хонаи падару модарам пашму мӯина фаровон буд. Модарам аз он ришта мересиду ман ҷӯробҳои рангоранг ва ҳархелаи пашмин бофта, ба бозор мебаровардам, — гуфт номбурда.

Султонбахт дид, ки дар шаҳр сохтмони зиёд рӯи кор омаданд ва талабот ба маҳсулоти сохтмонӣ зиёд аст, аз ҳисоби қарз ба тиҷорати маҳсулоти сохтмонӣ оғоз кард.

Ҳар гоҳ, ки ҳамкоронашро дучор мешуд, дилаш таҳ мехӯрду  худро ноҳинҷор ҳис мекард. Охир ҳар яки онҳо соҳибҳунар буданд, вале афсӯс, ки коргоҳи пуриқтидори шаҳр -фабрикаи «Хайёт» аз фаъолият монд. Биноан дар фикри он буд, ки корхона бунёд намояд.

Борҳо пеши роҳбарони шаҳр рафт, то як порча замин диҳанду ӯ корхонае бунёд кунад, лекин ҳамеша ҷавоби рад мегирифт. Бетафовутии роҳбарон буд, ки шаҳр аз сохтмонҳои ғайриқонунӣ ба «занбӯрхона» мубаддал гашт, вале барои як корхонаи хурд замин ёфт нашуд.

Билохира, бо сад заҳмат ба Султонбахт муяссар гардид, ки 40 метр ҷойро дар домани кӯҳ, ки болотар зикр намудем, ба даст орад. Бе таркондану пармакунии доманакӯҳ он ҷо ягон чиз сохтан амри маҳол буд.

Ин зани меҳнатдӯст барои сохт­мони иншоот аз Аввалин бонки молиявии хурд зиёда аз 5 млн. сомонӣ қарз гирифт. Ба сохтмончиён тамоми шароитро муҳайё намуд, то корро босифат ба анҷом расонанд.

Имрӯз ин маркази навбунёди замонавӣ, ки дар дили кӯҳ сохта шудааст, нишонаест аз созандагию ободонии як зани нексиришти маҳаллӣ. Вақте вориди корхона гаштем, дидем, ки барои дӯзандагон утоқҳои кории васею барҳаво сохтаанд. Шиносоиямон аз сехи дӯзандагӣ оғоз ёфт. Султонбахт гуфт, ки нияти аввалинам кушодани сехи дӯзандагӣ барои дӯзандаҳо буд, ки ҳамроҳ даҳсолаҳо кор мекардам.

- Чуноне мебинед, онҳо имрӯз бо дили гарм  ба дӯхтани либосҳои мактабӣ барои хонандагон машғуланд. Аллакай барои 3200 хонандаи муассисаҳои таълимии шаҳри Хоруғ либоси ягонаи мактабӣ дӯхта шудааст. Ба ғайр аз ин, шиму куртаҳои занонаву мардона низ медӯзем. Дар ошёнаи дуюм дастгоҳҳои замонавӣ васл шуда, барои дӯхтани болишту кӯрпа ва дигар ҷиҳоз пешбинӣ шудаанд, — иброз дошт ӯ.

Дар корхона сехҳои алоҳидаи ҷӯроббофӣ, қолинбофии дастӣ, қаҳвахонаю ошхона фаъолият доранд. Нияти Султонбахт ин аст, ки имкониятҳои сехи дӯзандагиро зиёдтар намуда, барои бонувони хонашин ҷойи нави корӣ муҳайё созад.

Соҳибкор бо маблағи худ 12 нафар дӯзандаро ба шаҳри Исфара, ба назди соҳибкори шинохта Салимабону, ки маркази беҳтарини дӯзандагӣ дорад, барои омӯхтани касб фиристодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ лентаи рамзиро бурида, фотеҳаи хайр дод. Ман ба Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ваъда додам, ки хизматрасониро боз ҳам беҳтар  менамоям.

Имрӯзҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ тамоми шароитро муҳайё кардааст. Танҳо ташаббус, масъулият ва дилгармӣ ба кор лозим асту халос.  Ин соҳибкорзани баномус аз суханони Сарвари давлат илҳом гирифта, барои васеъ намудани корхона аллакай оғоз  кардааст. Он рӯз дер нест, ки ин зани бунёдкор боз чандин корхонаи хурди истеҳсолӣ ташкил намуда, дар фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣ ҳиссаи бештар мегузорад.

Ш. ШОҲҚОСИМ, «Садои мардум»