Сифати хизматрасонии тиббӣ барои маъюбон беҳтар мегардад

№154 (3139) 07.12.2013

Дар тамоми дунё ҳамасола 3 декабр Рӯзи байналмилалии маъюбон қайд карда мешавад. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ва ташкилоти USAID конференсия баргузор гардид.

 Чорабиниро муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Ҷобирова ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки одамони имконияташон маҳдуд ҳамеша зимни истифода аз хизматрасониҳо, аз он ҷумла дар соҳаи тандурустӣ, офиятбахшӣ, маориф, шуғл, хизматрасонии иҷтимоӣ ба монеа дучор мешаванд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки одамони имконияташон маҳдуд шароити дастрасии пурра ба хизматрасонии тандурустиро надоранд. Хизматрасонии тиббию санитарӣ нисбати эшон қаноатбахш нест. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ин вазъияти номусоидро бартараф намояд, зеро мушкилоти солимии ҷомеа ба ҳуқуқи инсон ва бартарият дар доираи рушд вобаста аст.

Дар ин чорабинӣ роҳбари намояндагии Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Павел Урсу низ иштирок ва суханронӣ кард.

Дар конференсия Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баёния нисбати маъюбон барои солҳои 2014-2020  таҳти унвони «Саломатии беҳтар барои маъюбон бо мақсади бунёди ҷомеаи фарогир дар Тоҷикистон»-ро муаррифӣ намуд. Ҳадафи асосии ҳуҷҷати мазкур, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намудан нисбати ин табақаи ниёзманди ҷомеа, дида баромадани монеаҳо ва беҳтар намудани дастрасӣ ба хизматрасонӣ ва барномаи тандурустӣ, васеъ ва мустаҳкам намудани хизматрасонӣ доир ба офиятбахшӣ ва расонидани кӯмак барои ҷамъоварии маълумотҳои лозима оид ба маъюбӣ, ҳамкорӣ дар тадқиқоти бонизом дар доираи маъюбӣ мебошад. Санади мазкур мавқеъ, стратегия ва нақшаю чорабиниҳои вазоратро дар самти солимгардонии маъюбӣ барои шаш соли оянда инъикос менамояд.

Миҷгона МИРЗОЕВА, «Садои мардум»