Маърифати ҳуқуқӣ

Соҳибияти молу мулкии зану шавҳар

№64 (3210) 17.06.2014

Тибқи моддаи 33 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Давлат оиларо  ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад».

Ҳуқуқҳои молу мулкии зану шавҳар дар Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудаанд. Ҳолати молу мулкии онҳо аз вақт ва асосҳои ба даст овардани моликият вобастагӣ дорад.

Дар низоми ҳуқуқӣ моликияти зану шавҳар ба молу мулке, ки ба онҳо то бастани ақди никоҳ тааллуқ дошт ва ба молу мулке, ки аз тарафи онҳо ҳангоми дар ақди никоҳ будан ба даст оварда шудааст, ҷудо карда мешавад.

Кодексҳои фавқуззикр ду шакли реҷаи молу мулкии зану шавҳар — реҷаи қонунӣ ва шартномавиро муайян кардааст. Аз рӯйи тартиби умумӣ реҷаи қонунии моликияти зану шавҳар моликияти муштараки онҳо мебошад. Ғайр аз ин, моддаи 304 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 37 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагии муносибатҳои молу мулкии зану шавҳарро аз асосҳои ба даст овардани молу мулк пешбинӣ кардааст.

Тибқи моддаи 304 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 34 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулке, ки зану шавҳар дар давоми  ҳамзистӣ ҷамъ овардаанд,  агар қонун ё шартномаи байни онҳо тартиби дигарро  муайян накарда бошад, моликияти якҷояи онҳо ба ҳисоб меравад.

Даромаде, ки зану шавҳар дар натиҷаи фаъолияти меҳнатӣ, соҳибкорӣ ва зеҳнӣ ба даст овардаанд, нафақа, ёрдампулӣ ва пардохтҳои дигари пулии гирифтаашон, чизҳои харидаашон, коғазҳои қиматнок, саҳмия, ҳама гуна молу мулки манқул ва ғайриманқули давоми дар ақди никоҳ ҷамъоварда, сарфи назар  аз он ки ба номи кадоме аз онҳо  харида шудааст (ё маблағ гузаронида шуда) моликияти муштарак ҳисоб мешавад.

Ҳуқуқ ба молу мулки муштарак ҳамчунин ба зан ё шавҳаре низ тааллуқ дорад, ки дар давоми ҳамзистӣ хоҷагиро  пеш мебурд, фарзандонро нигоҳубин мекард ё бо сабабҳои узрнок даромади мустақилона надошт. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки ҳамсарон  бо розигии ҳамдигар молу мулки умумиашонро ихтиёрдорӣ  карда метавонанд.

Барои ба анҷом расонидани муомилот  вобаста ба ихтиёрдорӣ кардани молу мулки ғайриманқул ва муомилоте, ки мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун қайд ё тасдиқи нотариалиро талаб мекунад, бояд розигии пешакии тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи зан ё шавҳар гирифта шавад.

Ғайр аз моликияти муштарак, ба ҳар як ҳамсар молу мулке дахл дошта метавонад, ки моликияти шахсии ҳар кадом ба ҳисоб меравад.

Бо реҷаи шартномавии молу мулкӣ зану шавҳар имкониятҳои зиёд доранд. Онҳо метавонанд бо розигии ҳамдигар  моликияти муштараки худашонро ба намудҳои алоҳида ё ба моликияти ҳар яке аз ҳамсарон тақсим намоянд, ки ин яке  аз асосҳои қатъ гардидани моликияти якҷояи зану шавҳар мебошад.

Г. ОДИНАЕВА, нотариуси давлатии Саридораи нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон