Соли татбиқи ормонҳо ва масъулият

№14 (3651) 11.02.2017

Чанде пеш дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши ҷавонон дар рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷамъомад баргузор шуд. Директори марказ Худобердӣ Холиқназар гуфт, ки Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 дурандешии Пешвои миллатро нишон медиҳад, зеро рушди устувори кишвар  ба ҷавонон вобастагӣ дорад. Ӯ афзуд, ки дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ муҳимтарин рукни пешбурди сиёсати ҷавонон нишон дода шудааст.

Намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебо Наботова изҳор дошт, ки  имсол барои ҷавонон соли татбиқи ормонҳо, масъулият ва гузоштани қадамҳои бузург дар  роҳи сохтани ҷомеаи устувор мебошад. Ӯ зикр кард, ки фаъолияти Президенти кишвар, ки дар ҷавонӣ роҳбарии давлатро ба уҳда гирифтанд, неруи як ҷавонро барои ноил шудан ба рушди устувор нишон медиҳад.

Муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилноза Аҳмадзода зикр кард, ки Президенти кишвар бо ифтихор ва боварӣ ба қувваи ояндасози ҷавонон соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон карданд.

- Моро зарур аст, ки дар ин сол ҳамчун пайравони Пешвои миллат барои ободиву осудагии кишвар аз ҳарвақта бештар меҳнат намоем, — афзуд номбурда.

Кормандони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қудратов, Маъруф Абдуҷабборов, раиси Шӯрои олимони ҷавони Тоҷикистон Фаридун Давлатов, корманди Хазинаи нуфузи СММ Парвиз Ҳакимзода, намояндаи Вазорати маориф ва илми кишвар Носир Бӯриев низ дар атрофи ин мавзӯъ андешаҳояшонро иброз доштанд.

Зикр шуд, ки зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони то 35-сола ташкил медиҳад ва аз солҳои аввали ба сари ҳокимият омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин қишри аҳолӣ зери таваҷҷуҳи хоса қарор дорад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»