Сумангул Тағойзода: Ҷашни 25-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз хоҳем гирифт

№8 (3488) 19.01.2016

18 январи соли 2016 ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2015 ва вазифаҳо барои соли 2016 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ баргузор гардид. Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Сумангул Тағойзода дар ҷаласа зикр намуд, ки аз ҷониби кормандони вазорат дар давоми сол як зумра корҳои назаррас ба сомон расонида шудааст.

Мавсуф доир ба масъалаҳои музди меҳнати аҳолӣ ва омилҳои таъсиррасони он, хароҷоти пулӣ ва амонатҳои аҳолӣ дар соли 2015, танзими равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, баҳисобгирии рафтуомади шаҳрвандон, муҳоҷирони дохилӣ ва экологӣ, омӯзиш ва бозомӯзии касбӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таълими калонсолон изҳори назар намуда, ба масъулини бахшҳои вазорат барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳо дод.

Дар ҷаласа ҳамчунин шарикони иҷтимоӣ — раисони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Шерхон Салимзода ва Иттиҳодияи корфармоёни Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизбег Шарипов ва дигарон суханронӣ намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ оид ба дастовардҳои ноилгардида дар соли 2015 ва камбудиҳои ҷойдошта сухан кард ва барои ҳалли онҳо дастуру супоришҳо дод.

Дар ҷаласа вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода Сумангул неруи созандаи кадрии вазоратро ба хизмати софдилона даъват карда, гуфт, ки бовар дорам, дар соли 2016 уҳдадориҳою супоришҳои ба зиммадоштаамонро сари вақт иҷро намуда, ҷашни 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо натиҷаҳои назаррас пешвоз мегирем.

АМИТ «Ховар»