Таъмини 80 муассисаи таълимӣ бо таҷҳизоти нав

№ 25.01.2024

ТАКДИМ СУЛ 22042480 муассисаи таълимии вилояти Хатлон бо таҷҳизоту лавозимоти нави соҳавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Иқдоми мазкур дар доираи лоиҳаи «Мактабҳои 2030» амалӣ гардида, шурӯъ аз соли 2020 то инҷониб 45 муассисаи таълимӣ дар минтақаи Кӯлоб ва 35 муассисаи таълимии лоиҳавӣ дар минтақаи Бохтар бо маводи зарурии таълимӣ таъмин гардиданд.

Рақамикунонии соҳаи маориф мақсади асосии лоиҳаи мазкур буда, тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад ва 50 фоизи он дар вилояти Хатлон амалӣ шуда истодааст.

Дар сурати иштироки фаъолонаи омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бо таклифу пешниҳодҳои судманд, мумкин аст то соли 2030 лоиҳа идома ёфта, 40 дарсади муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон бо дастгоҳу таҷҳизот ва дигар лавозимоти зарурии таълимӣ таъмин гарданд, — гуфт сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»