Таъмини осебдидагони офатҳои табиӣ бо шиносномаҳои миллӣ

№110 (3411) 17.08.2015

Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро баъд аз сафари хизматӣ ба  ВМКБ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии зарардидагони офати табиӣ дар маҳаллаҳои Бардибекобод, Колхозобод ва Барсеми ноҳияи Шуғнон ба сардорони мақомоти корҳои дохилӣ супориш дод, ки ҳуҷҷатҳои нобудшудаи  сокинони осебдидаро ҳар чӣ зудтар барқарор намоянд .

Бино ба иттилои сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ Далер Чоршанбиев,   то имрӯз аз  108 нафар шаҳрвандоне, ки бар асари офати табиӣ бе шиноснома монданд, изи дасти 103 нафарашон гирифта шудааст ва 20  нафарашон соҳиби шиносномаи нави миллӣ гардиданд.

Кормандони Вазорати корҳои дохилии кишвар ҳамчунин бунёди як манзили истиқоматӣ  дар деҳоти осебдидаро бар уҳда гирифта, ният доранд, ки то даҳаи аввали моҳи ноябр онро ба истифода диҳанд.

АМИТ «Ховар»