<Ба истиқболи 21- солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Туҳфа ба ҷашн

№149-150 (3450-3451) 05.11.2015

Дар доираи вусъати корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 21-умин солгарди қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90-солагии таъсисёбии ВМКБ дар ноҳияи Ванҷ бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед боз як иншоот — бинои маъмурии ҷамоати деҳоти ба номи Маҳмадулло Абдуллоев пас аз барқарорсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бояд зикр намуд, ки то давраи барқарорсозӣ бинои мазкур дорои ҳамагӣ ҳашт утоқи корӣ буд, имрӯз бошад, кормандони он имкон доранд, ки дар 28 утоқи кории муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ фаъолият намоянд. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар ин бино аз ҳисоби буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ 1,8 миллион сомонӣ сарф карда шуд, ки як қисми он барои пурра ҷиҳозонидани бинои мазкур масраф гардид.

Фармоишгар Шуъбаи сохтмони асосии вилоят буда, корҳои сохтмонию барқароркуниро ба сифати пудратчӣ Ширкати сохтмонии «Шодмон» амалӣ намудааст.

Ҳангоми ба истифода додани бинои ҷамоати деҳот раиси вилоят Шодихон Ҷамшед иброз дошт, ки ҳамасола бо маблағгузориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даҳҳо иншооти таъиноти гуногун бунёд гардида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд, ки бори дигар аз таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти Давлату Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати рушди минтақаҳои дурдаст шаҳодат медиҳанд.

Ҳоло корҳои ободонӣ дар ҳудуди ноҳияи Ванҷ ва умуман вилоят босуръат идома доранд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,  «Садои мардум»