Шабакаи гармидиҳӣ фаъол мегардад

№74 (3059) 18.06.2013

КӮЛОБ. (Суҳробшоҳи ФАРРУХШОҲ)   Дар шаҳри Кӯлоб шабакаи ягонаи гармидиҳӣ дубора фаъол мешавад. Ин корро ширкати австриягии «Олплан», ки барои анҷоми чунин корҳо таҷрибаи кофӣ дорад, анҷом хоҳад дод. Бо мақсади шиносойӣ бо вазъи феълӣ гурӯхи мутахассисини ширкати мазкур аз Кӯлоб дидан карда, нақшаи барқарорсозии ду буғхонаи калонро дар маҳаллаҳои Шоҳин ва Борбади шаҳр таҳия сохтанд.