26 апрел - Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаи Чернобил

Фоҷиаи Чернобил. 5000 тоҷик ҷон дар хатар гузоштанд

№54-55 (3534-3535) 26.04.2016

Дар шаҳри Истаравшан ба истиқболи 30 — солагии Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони садамаи Чернобил ва 25 — солагии таъсисёбии «Иттифоқи Чернобил» ҷамъомади ботантана доир гардид.

узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Истаравшан Наим Набизода иброз дошт, ки 26 апрели соли 1986 дар блоки чоруми Неругоҳи барқи атомии  «Чернобил» садама рух дод. Ин фоҷиаи ниҳоят азим буд.

Барои бартараф кардани оқибатҳои он ҳазорон афсару сарбози қисмҳои ҳарбӣ ва ҳайати сержантиву сарбозии дар захира қарордоштаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла фиристодагони Тоҷикистон ҳам, корномаҳо нишон доданд.

Сипас, раиси Шӯрои марказии «Иттифоқи Чернобил» дар Тоҷикистон Фаридун Ҳакимов, раиси Шӯрои вилоятии «Иттифоқи Чернобил» Қурбоной Казакова ба сухан баромада қайд карданд, ки дар барқарор намудани хисороти  фоҷиаи Чернобил зиёда аз 5 ҳазор нафар фиристодаи кишвари мо низ ҷони худро дар хатар гузоштаанд. Аз ин шумора 554 нафар фавтидааст ва наздик ба 2 ҳазор нафар дар қайди ҳаётанд. Бо мақсади ҳифзи манфиатҳои барқароркунандагони садамаи Чернобил дар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҷамъиятҳои «Иттифоқи Чернобил» ташкил шудааст. Агар соли 1991 дар ин ташкилот 1161 нафар аз ҷониби ҳайати махсуси тиббӣ маъюб дониста шуда бошад, ин теъдод ҳоло наздик ба 1 ҳазору 500 нафар расидааст. Айни ҳол дар Тоҷикистон 1980 иштирокчии садамаи Чернобил дар як ҷамъият муттаҳид шудаанд.

Аз соли 1998 фаъолияти «Иттифоқи Чернобил» ҷоннок гардид. Ҷамъият дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар бахшҳои худро дорад. Таваҷҷуҳ аз ҷониби Ҳукумати кишвар низ ба ин ташкилот зиёд аст. Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои аъзои ин ҷамъият бо  иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробар шудааст.

Сипас, ба фаъолони ташкилот ва оилаҳои бесаробонмондаи  иштирокдорони садама мукофот, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

 Ҳусейни НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»