Кушоиши кор дар якдиливу ҳамдигарфаҳмист

№32 (3178) 01.04.2014

Бардошт аз ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ

Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан таҳти раёсати раиси шаҳр Иброҳим Абдуллозода ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор шуд, ки дар он роҳбарон, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои мардумию ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд. Раиси шаҳр И. Абдуллозода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр  дар соли 2013, иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ҷиҳати боз ҳам вусъат  бахшидани корҳои ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ, бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  ғайриқонунӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар макотиб, риояи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба кор даровардани  корхонаҳои хурду миёна, таъмини ашхоси бешуғл бо ҷойи кори доимӣ, ворид намудани технологияи нав, татбиқи Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд ва раиси шаҳр дар бораи таҷдиди хоҷагиҳои калонҳаҷми деҳқонӣ, таъмини онҳо бо техникаи кишоварзӣ, ташкили нуқтаҳои хизматрасон, баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва ғайра гузориш дода, фикру андешаҳои худро баён намуд.

Аз ҷумла зикр гардид, ки бо қарори раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ соли 2014 дар қаламрави вилоят «Соли роҳҳои обод» ва бо қарори раиси шаҳри Истаравшан «355-рӯзи тозагӣ, ободонӣ ва кабудизорнамоӣ» эълон гардидааст.

Мавсуф  дар робита ба ободонии роҳҳо, таъмини аҳолӣ бо оби тозаи ошомиданӣ зикр кард, ки барои ободонии роҳҳои Истаравшан аз буҷети маҳаллӣ дар соли равон 975 ҳазор сомонӣ, аз ҳисоби Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон 450 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби аҳолӣ ва соҳибкорон 36000 сомонӣ сарф карда мешавад. Тибқи шартномаи байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, Корхонаи воҳиди давлатии хоҷагию манзилию коммуналӣ ва Бонки Умумиҷаҳонӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр ҳашт чоҳи амудӣ ба маблағи 3260 ҳазор сомонӣ кофта, ба истифода дода мешавад.

Дар Шӯро раиси бахши истаравшании ҲСДТ Бахтиёр Насруллоев, раиси Ҷамъияти маркази ӯзбекзабонони шаҳр Холмат Шоматов, муовини раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар шаҳри Истаравшан Зебӣ Маъруфова, раиси ташкилоти ҷамъиятии Шӯрои иштирокчиёни садамаи Чернобил Юнус Шарифов, раиси бахши истаравшании  ҲСТ Саид Ҷалолов ва дигарон суханронӣ карда, оид ба  роҳҳои ҳалли мушкилоти дар ҷомеа ҷойдошта, ҳамкории  ҳизбҳои сиёсӣ, ҷамъияту ҳаракатҳо бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, иштироки фаъолонаи онҳо  дар ободонӣ, созандагию бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои доғи рӯз пешниҳодҳои судманд баён доштанд.

 Ҳ.НАЗРУЛЛО, «Садои мардум»