Оини оиладорӣ

Волидайн бояд дар зиндагӣ намуна бошанд

№4 (3484) 09.01.2016

Муносибатҳои оилавӣ ҳар гуна сурат мегиранд. Бисёр вақт шоҳид мешавем, ки дар як оила чанд нафар бо зану фарзанди худ зиндагии тинҷу ором доранд. Ҳурмату эҳтироми якдигарро ба ҷо меоранд. Чунин тарзи зиндагӣ ва оиладорӣ хоси расму оин ва анъанаи мардуми мост, зеро аксар оилаҳо серфарзанд мебошанд ва то фаро расидани шароити мусоид зиндагии якҷоя доранд. Чунин оилаҳо намунаи ибрат барои дигарон ҳисоб меёбанд, зеро бо насиҳат ва кумаки калонсолон мушкилоти оилавии худро ҳал менамоянд.

Аммо дар таҷрибаи зиндагӣ акси ин ҳолатро низ дидан мумкин аст. Дар оила ҳатто як нафар келин ҷойи худро намеёбад. Дар сурати ду нафар дар як оила келин шудан муносибатҳо тағйир меёбанд. Муноқишаҳои байни онҳо ба миён омада, зиндагии ором аз байн меравад. Зиддияту бадбинӣ ва хусумат баъзан ба занозанӣ оварда мерасонад. Чунин занозанӣ, истифодаи мушту лагад ва расонидани зарари ҷисмонӣ ба якдигар миёни келинҳо Шарифзода Фирўзаи Аҳтамшоҳ ва Нодира Каримова дар оилаи сокини ноҳияи Шоҳмансур рўй дод. Байни онҳо муноқиша ба миён омад. Аз ҳиссиёти авбошӣ тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, якдигарро латукўб карданд. Муноқиша қариб ним соат идома ёфт ва танҳо ҳамсояҳо занҳои муштзўрро аз ҳам ҷудо намуданд.

Дар натиҷа, мувофиқи санади пешниҳодшудаи тиббӣ-судӣ ҳар ду келин зарари сабуки ҷисмонӣ бардоштаанд.

Суд кирдори судшавандаҳо Шарифзода Фирўзаи Аҳтамшоҳ ва Нодира  Каримоваро бо моддаи 237 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷавобгарии ҷиноятӣ барои авбошӣ, яъне дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ бандубаст намуд.

Ҳангоми баррасии ин парванда ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, аз ҷумла қаблан суд нашудан, дар тарбия доштани фарзандони ноболиғ ба эътибор гирифта шуд. Бо назардошти ҳолатҳои сабуккунандаи ҷазо, ҳолатҳои мушаххаси кирдори содиргардида ва шахсияти судшавандаҳо, суд ба хулоса омад, ки ислоҳ шудани онҳо бе адои ҷазо, вале дар шароити назорати рафторашон имконпазир буда, шартан татбиқ накардани ҷазоро бо дастрасии моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи мақсад ҳисобид.

Дар асоси моддаи 71 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ таъиншуда нисбати Шарифзода Фирўзаи Аҳтамшоҳ ва Нодира Каримова шартан татбиқ нагардид ва суд нисбати онҳо яксолӣ муҳлати санҷишӣ муқаррар намуд.

Шариф  Сайдализода, судяи Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе