Бозгашт ба мавзӯъ

Восеъ: Чаро қасри фарҳангро ба соҳибкор доданд?

№15 (4598) 20.01.2023

№11 1-2Cе сол қабл дар рӯзномаи «Садои мардум» зери сарлавҳаи «Валангории Қасри фарҳанги Тугарак ва бетафовутии масъулин» (аз 17-уми марти соли 2020 таҳти №33 (4139)) матлаб нашр гардид, ки дар он аз ҳоли табоҳи бинои Қас­ри фарҳанги деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ сухан мерафт. Таассуфовар он аст, ки баъд аз нашри матлаби мазкур масъулини ноҳияи Восеъ ба ҷойи ислоҳи камбудӣ замин ва бинои Қас­ри фарҳангро ба як соҳибкор додаанд. Мутаассифона, то ҳол маълум нест, ки ин соҳибкор замин ва бинои қасри фарҳангро чӣ гуна истифода мебарад? Бо гузашти се сол танҳо болопӯши биноро, ки ҳангоми боришот об чакида дохили онро валангор карда буд, маҳкам кардаасту ҳоло бошад, аз ин бино ҳамчун макони фарҳангӣ асаре намондааст.

Мувофиқи маълумоти расида, то солҳои 1998-ум Қасри фарҳанги деҳоти «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ фаъол буд.

- Моро баъд аз нашри матлаби шумо дар бинои Ҷамоати деҳоти «Тугарак» ҷой доданд. Бо сабаби набудани толори фарҳангӣ чорабиниҳоямонро, ки аз ҷониби шуъбаи фарҳанги ноҳия тарҳрезӣ мешавад, дар толори маҷлисгоҳи Ҷамоат ва толори МТМУ №20-и деҳаи Сулҳобод мегузаронем. Солҳои пеш дар он даҳҳо нафар ҳунармандони касбӣ кору фаъолият мекарданд. Инчунин, дар толор намоишҳои театрӣ ба маъраз гузошта мешуд. Борҳо аз вазъи феълии ин макони фарҳангӣ дар телевизиону рӯзномаҳои давлатию хусусӣ гузоришу мақолаҳои танқидӣ нашр шуд. Мутаассифона, беҳбудӣ нашуд. Баръакс, замин ва бинои онро соҳибкоре соҳибӣ кард, — гуфт бо таассуф мудири қасри фарҳанг Неъматулло Зарипов.

Директори Қасри фарҳанги ноҳияи Восеъ Тоҷиддин Давлатов дар суҳбати телефонӣ вобаста ба мушкилоти ҷойдошта гуфт: «Дақиқ намедонам, аммо то ҷое огаҳӣ дорам, бинои Қасри фарҳанги деҳоти «Тугарак» — ро ба толори варзишӣ табдил медиҳанд».

Саволи матраҳ он аст, ки бе қаср оё рушди соҳаи фарҳангро умедвор шудан мумкин аст?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»