Ёрии башардӯстона аз Қирғизистон

№110 (3411) 17.08.2015

Корвони ёрии башардӯстона  барои  зарардидагон  аз  офати  табиии  навоҳии Тоҷикистон  иборат аз  25  адад мошинҳои  боркаши  Вазорати  ҳолатҳои фавқулода ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии  Қирғизистон  аз  шаҳри  Ош  ба  Вилояти Мухтори  Кӯҳистони  Бадахшон  равона  гардид. Пештар бо даъвати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба деҳоти  осебдидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз тарафи ташкилотҳои  байналмилалӣ ва мамлакатҳои хориҷӣ, мисли ИМА ва Ҷумҳурии  Халқии Хитой кумаки  хайрия расонида  шуда буд.

Бинобар иттилои хадамоти матбуотии Вазорати ҳолатҳои  фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон  ҳаҷми  умумии  ёрии башардӯстона ба 52,6  ҳазор доллари ИМА  баробар  буда, он  асосан  аз  масолеҳи  сохтмонӣ, маводи ғизоӣ  ва либоси гарм иборат мебошад. Тавре Замирав Ҷумағозиев — сардори умури фаврии Вазорати  ҳолатҳои фавқулодаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки корвони ёрии башардӯстонаи бародарони  қирғизро роҳбарӣ мекунад, хабар  дод,  ин  корвон  дар  асоси амри  Ҳукумати мамлакати ба мо дӯст  ва  ҳамсоя, ки рӯзи  7  август   ба   имзо  расида буд, ташкил  шудааст.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ, «Садои мардум»