Заминҳои нав обёрӣ мешаванд

№85 (4035) 16.07.2019

Бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мавзеи «Дашти Фалахмон» — и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба масофаи 5 километр қубур хобонида, беш аз 250 гектар замин обёрӣ шуд. Дар заминҳои азхудшуда сокинони деҳаҳои Мадрушкат, Лангар ва Хайробод кишти картошкаро ба роҳ монданд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар суҳбат бо роҳбарият ва кишоварзони ноҳия зикр кард, ки дар сурати истифодаи самараноки заминҳои «Дашти Фалахмон» метавон беш аз 100 000 тонна картошка истеҳсол намуд. Ҳамчунин, ташкили ҳавзҳои моҳипарварӣ ва сардхонаҳои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ин мавзеъ ба манфиати кор аст.

Мирзоаъзам Мақсудов, «Садои мардум»