Зардолуи пургул рамзи фарорасии баҳор аст

№39-40 (3519-3540) 19.03.2016

«… Ҳар кӣ рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва бо хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ ва хуррамӣ гузаронад ва ин таҷриба ҳукамо аз барои подшоҳон кардаанд».

Аз «Наврӯзнома»- и Умари Хайём

Муаррихи маъруфи тоҷик, профессор Назирҷон Турсунов дар як мақолааш роҷеъ ба фарорасии фасли баҳор ва омодагиҳо ба иди Наврӯз дар шаҳри Хуҷанд чунин навиштааст: «Муждаи нахустини наздик омадани соли нав, Наврӯзи навбаҳорон аз байни яхоби тармаи Мевағул сар зада, шукуфтани гули баҳман, ки онро хуҷандиён «бойчечак» меноманд, ҳисоб меёфт. Шукуфтани гули бодом, бозгашти парасту (фароштурук) аз минтақаи гармсел пайғомҳои дигари фаро расидани Наврӯзи Хуҷанд маҳсуб меёфтанд. Гурӯҳ-гурӯҳ писарону духтарон дар даст гули бойчечак ҳавлӣ ба ҳавлӣ гашта, аз омадани Соли нав мужда медоданд. Мардум бо хушнудӣ баҳмангулро ба дидагонашон молида, ба омадани Соли бахайру некуи нав умед мебастанд ва ба тифлони хушхабар армуғонҳо пешкаш менамуданд».

Дар шаҳри Хуҷанд истиқболи Наврӯз чун ҳамеша имсол ҳам аз тоза кардани манзил, хобонидани суманак, таҳияи ғизоҳо аз гиёҳу майсаҳои баҳорӣ ва ниҳолшинониву ободкориҳо шурӯъ шуд. Ибтидо аз 7 март, ки дар шаҳри Хуҷанд ҳамчун иди «Соли нав» маъруф аст, то поёни моҳи март сокинони 22 маҳаллаи шаҳр  бо оростани хони наврӯзӣ  бо ҳафтсину ҳафтшин, пухтани таомҳои миллӣ ва барпо намудани базмҳои идона Наврӯзро ҷашн мегиранд. Дар кӯчаву хиёбону маҳаллаҳо ҳунармандони мардумӣ маҳсулоти худро ба намоиш гузошта, суннатҳои неки аҷдодиро гиромӣ медоранд.

Илова бар ин, баҳри истиқболи сазовори Наврӯз занони шаҳри Хуҷанд сабзаҳои наврустаи суманакро барои оро додани дастурхони наврӯзӣ омода мекунанд.

Шарофат Каримова,  сокини 64 — солаи маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд, мегӯяд, ки ӯ ҳамеша баҳри истиқболи ҷашни Наврӯз аз назофати манзилу оростани хони наврӯзӣ, ки аз суннатҳои маъмулии ин ҷашн аст, оғоз мекунад ва баъдан барои дастурхони идона  ва таҷлили Наврӯз бо ҳамсояҳо суманак мепазанд.

Донишманди фарҳангшинос, зиндаёд Наим Ҳакимов пайваста таъкид мекард, ки дар гузашта дар шаҳри Хуҷанд ҷашни вижае бо номи «Гулгардонӣ» ё « Гули сурх» ҳам  вуҷуд дошт, ки мардум бо адои маросимҳои хос онро таҷлил мекарданд. Ин ҷашнвора дар замони  шукуфтани гули лола, ки аз рӯи ақидаи мардумӣ, рамзи хуни Сиёвуш — қаҳрамони асотири бостонии мардуми эрониасл ва нишони ишқи поку беолоиш маҳсуб меёбад, баргузор мегашт. Дар рӯзҳои мо аз ҳама пеш кӯдакони шаҳри Хуҷанд ва дигар маҳаллаҳои Суғд нахустин гулҳои аз зери барф руста ва навшукуфтаи бойчечакро ҷамъ меоранд ва то фаро расидани Наврӯз гурӯҳ- гурӯҳ ба манзилҳои мардум рафта, таронаи зеринро мехонанд:

Бойчечаку бойчечак

Духтари Бобо – келинчак

Рамзи баҳор бойчечак

Бӯйи баҳор бойчечак

ва ё тарзи дигар низ ин таронаро мехонанд:

Бойчечак бойчечак,

Бойчечак омад луччак

Тамошо кун,  келинчак

Келинчак ароз кард

Як сомон дароз кард

Таги даратон тахтача

Худо диҳад писарча!

Дар ин айёми зебои баҳорӣ сокинони маҳаллаи «Масҷиди савр»-и шаҳри Хуҷанд соҳиби туҳфаи наврӯзӣ шуданд. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд сокинони маҳаллаи мазкур соҳиби маҷмааи фароғатию варзишӣ гардиданд, ки дар маросими ифтитоҳи он муовини раиси вилояти Суғд Заробиддин Файзуллозода, раиси шаҳри Хуҷанд, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва аҳли илму адаб иштирок доштанд. Он рӯз сокинони маҳаллаи «Масҷиди савр», ҳамчунин иди Наврӯзро ҷашн гирифтанд. Дар он рӯз меҳмонон намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандон, иҷрои суннатҳои наврӯзӣ, аз қабили бозиҳои миллии кӯдакону наврасон, ороиши дастурхон ва таҳияи  хони наврӯзиро тамошо карданд.

Заробиддин Файзуллозода ва Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро ба муносибати фарорасии Наврӯзи хуҷастапай муборакбод карда, зикр намуданд, ки дар натиҷаи сиёсати  хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кишвари азизу офтобии мо — Тоҷикистон сол то сол ободу шукуфон гардида, мужда аз ояндаи дурахшони ин сарзамини биҳиштосо медиҳад.

Падидаи фараҳбахшу тозае, ки тӯли чанд соли охир дар шаҳри бостонии Хуҷанд эҳё шудааст, ин қомат афрохтани дарахти зардолу дар маркази шаҳр мебошад. Ба истиқболи Наврӯз дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд дарахти зардолуи бо гулу навдаҳои маснӯӣ ородода, ки 14 метр баландӣ дорад, гузошта мешавад. Бо қомат афрохтани зардолуи гулафшон дар ин майдони гулзору гулпӯши шаҳри Хуҷанд ҳар рӯз то поёни моҳи март дар соатҳои муайян дар ин макони зебо бо иштироки ҳунармандон барномаҳои рангини фарҳангиву фароғатӣ баргузор мегарданд.

Абдувосит САЛИМЗОДА, «Садои мардум»