Аз нишастҳои матбуотӣ

Харҳоро ба хотири пӯсташон мекушанд

№№6(3643) 21.01.2017

КУрбониёнДиректори Агентии стандартизатсия, метро­логия, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло Қурбониён 13 январи соли ҷорӣ зимни нишасти матбуотӣ  гуфт, ки барои огоҳ шудан аз сифати молу маҳсулот пайваста ба бозорҳо рафта, камбудиҳои мушоҳидакардаашро бо масъулини раёсату шуъбаҳои дахлдор  баррасӣ менамояд. Номбурда, ҳамчунин дар посух ба саволи рӯзноманигорон оид ба ошкор шудани ҷасади хар дар баъзе партовгоҳҳои вилояти Суғд изҳор дошт, ки зимни санҷишҳо маълум гардид, ки бархе аз соҳибкорон танҳо барои тиҷорати пӯсти хар, ки нисбат ба пӯсти дигар ҳайвонҳо қиматтар будааст, ба ин амал даст задаанд. Бино ба гуфти ӯ, пӯсти хар тавассути сарҳади Қирғизистон ба дигар давлатҳо содир шудааст. Ибодулло Қурбониён изҳор дошт, ки дар ягон  маврид истифода бурдани гӯшти ҳайвони мазкурро ошкор накардаанд.

Дар нишасти матбуотӣ, ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки қабули ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии талаботашон ҳатмӣ ба пурзӯр кардани назорати бозори истеъмолӣ мусоидат намуда, ҷиҳати ҳимояи он аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва хатарнок чораҳои зарурӣ андешида шуд.

- Соли гузашта 6008 тонна маҳсулоти гуногуни ба талабот ҷавобгӯйнабуда ошкор шуд. Як қисми ин маҳсулот аз ҷиҳати бехатарӣ ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷома ба талабот ҷавобгӯй набуд, -изҳор дошт Ибодулло Қурбониён.

Аз ҷониби мутахассисони Агентӣ  4611 ҳолати риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, истифодаи воситаҳои ченаки корношоям, вориду фурӯши маҳсулоти бесифат ва хатарнок ошкор ва гунаҳкорон дар ҳаҷми 1180920 сомонӣ ҷарима шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»