Аз нишасти матбуотӣ

Афзоиши парвозҳои транзитӣ ба нафъи ҷумҳурист

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

DSC_0718Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Иброҳим Ҷобиров 28 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ муассиса ба 21801 адад киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3642 адад (14 фоиз) камтар мебошад.

Сабаби асосии кам шудани хизматрасониҳо поёнравии теъдоди парвозҳо ба Федератсияи Россия аз ҷониби ширкатҳои ватаниву хориҷӣ, аз моҳи апрели соли равон барои таъмир баста шудани фуруд­гоҳи Қӯрғонтеппа, камшавии парвозҳои транзитӣ ва набудани масирҳои трансконтиненталии қулай дар Афғонистон барои ширкатҳои авиатсионие мебошанд, ки тавассути фазои ҳавоии кишвар парвоз мекунанд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ даромади умумии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11,53 фоиз зиёд ва хароҷот 0,3 фоиз кам гардид.

- Мо ҳамеша ба ширкатҳои ҳавопаймоии кишварҳои гуногун бо мақсади ҳамчун транзит истифода бурдан аз фазои ҳавоии Тоҷикистон пешниҳоди ҳамкорӣ мекунем, — гуфт Иброҳим Ҷобиров. — Ҳар қадар парвози транзитӣ бештар шавад, ҳамон андоза даромаднокии муассиса бештар мегардад. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба Буҷети давлат 11,8 миллион сомонӣ пардохт кард, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли қаблӣ 8,36 фоиз зиёд аст.

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ба ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба маблағи 12 миллиону 244 ҳазор сомонӣ хизмат расонидааст.

Дар ибтидои соли 2015 муассиса бо мақсади дастгирии ширкати ҳавопаймоии ватанӣ 8 миллиону 181 ҳазор сомонӣ қарзи ширкати «Тоҷик — Эйр»-ро аз эътибор соқит намуд. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба ширкати мазкур ба маблағи 2 миллиону 949 ҳазор сомонӣ хизмат расонида шуд.

Роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» тасмим гирифтааст, ки тадриҷан таҷҳизоти зерсохторҳои муассисаро иваз намуда, диққати асосиро ба бехатарии парвозҳо равона созад. Бо ин мақсад дар муассиса низоми «Менеҷменти сифат» ҷорӣ шудааст.

 С. СУННАТӢ, «Садои мардум»