Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳайдар Одиназода: «Таваҷҷуҳи шаҳрвандони хориҷӣ ба ДТТ тамоюли афзоишро касб намудааст»

№58 (4008) 16.07.2019

DSC_9150++- Соли равон ба донишгоҳ 2991 донишҷӯ қабул гардид, ки аз ин миқдор 245 нафар аз тариқи шартномавӣ ва 546 нафар бо шакли таҳсили буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд, — изҳор намуд 12 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ Одиназода Ҳайдар Одина.

Ҳоло дар донишгоҳ се шӯрои диссертатсионӣ амал менамояд. Соли равон 43 устоди донишгоҳ ва кормандони муассисаҳои дигар дар онҳо рисолаи номзадӣ ҳимоя карданд.

Сифати таҳсилот нисбат ба соли хониши гузашта 2,7 фоиз баланд гардидааст. Аз он ки шумораи шаҳрвандони хориҷӣ ба донишгоҳ зиёд гардидааст, изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Шумораи умумии онҳо имрӯз ба 200 нафар расидааст. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ 3 хатмкардаи донишгоҳ барои таҳсил дар аспирантура ба муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия фиристода шуд, як магис­транти донишгоҳ дар Донишгоҳи нефти Хитой ва як нафар дар Донишгоҳи Тунку Абдул Раҳмани Малайзия таҳсил менамоянд.

- Чанде пеш дар донишгоҳ «Рӯзи хатмкунанда» баргузор гардид. Ба он роҳбарони корхонаҳои саноатии кишвар даъват шуда буданд. Онҳо изҳор намуданд, ки аз сатҳи дониши хатмкардаҳои мо қаноатманданд ва омодаанд, минбаъд дар ташкилу гузаронидани давраи таҷрибаомӯзии онҳо ҳамкорӣ намоянд. Ин далели он аст, ки сифати таҳсил дар донишгоҳ боло рафта, истеҳсолот ба муассисаҳои таълимӣ рӯ меорад, — изҳор намуд Ҳайдар Одиназода.

Н. Низомӣ, «Садои мардум»  «Садои мардум»