Қарздории ҳаққи хизмати обрасонӣ ба 168,3 миллион сомонӣ расид

№17 (4757) 05.02.2024

DSC_782281-уми феврал дар нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода иброз намуд, ки мавсими обдиҳии соли 2023 идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо бо 55280 истифодабарандаи об дар майдони 548273 гектар шартнома ба имзо расонда, ба онҳо дар ҳаҷми 4 миллиарду 241,2 миллион м3 об бо арзиши 80,8 миллион сомонӣ хизмат расондаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 15 м3 зиёд мебошад.

- Соли 2023 бинобар сабаби гузарондани чорабинҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ ва пардохти ғайринақдии маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ ҷараёни пардохти маблағҳои ҳаққи хизмати обрасонӣ каме ба таъхир афтода, дар маҷмӯъ, 51, 2 миллион сомонӣ ё 63 фоизро ташкил медиҳад. Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавиашонро дар назди истифодабарандагони об пурра иҷро карда бошанд ҳам, вале обистифодабарандагон, хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳаққи хизмати обрасониро сари вақт ва пурра пардохт намекунанд. Бинобар ин, қарздорӣ аз ҳисоби ҳаққи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо назардошти солҳои пеш 168,3 миллион сомониро ташкил менамояд. Бо мақсади рӯёндани маблағи қарз ба мақомоти суди иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳо ва минтақаҳо ба маблағи 35,6 миллион сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, ба фоидаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ 7,1 миллион сомонӣ рӯёнда шуд ва 28,5 миллион сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор дорад, — афзуд директори агентӣ.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»