Аз нишастҳои матбуотӣ

Аввалин шумораи маҷаллаи ДДЗТ аз чоп баромад

№20 (3970) 19.02.2019

P1220215- Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сармашқи кор қарор дода, баҳри тарбия намудани кадрҳои баландихтисоси ба талаботи бозори меҳнат мутобиқ беш аз пеш саъю талош намуда истодаем, — изҳор дошт ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикис­тон ба номи Сотим Улуғзода Маҳмадулло Раҷабзода зимни нишасти матбуотӣ.

Дар муассиса, ки бо 45 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст, 10 омӯзгори хориҷӣ фаъолият ва 352 шаҳрванди хориҷӣ таҳсил менамоянд. Соли гузашта 48 донишҷӯ ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷ равон карда шуданд. Соли 2018 4 нафар рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ дифоъ намуданд. Пажӯҳишҳо дар доираи 5 мавзӯи илмӣ — тадқиқотӣ идома дорад, — афзуд ӯ.

- Соли гузашта аз ҷониби ҳайати профессорон ва устодон 14 китоби дарсӣ, дас­турҳои таълимӣ ва таълимӣ — методӣ таҳия ва нашр шуд. Натиҷаи санҷишу имтиҳонот нишон дод, ки сатҳи донишазхудкунӣ 84,4 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт Маҳмадулло Раҷабзода.

Аз чоп баромадани шумораи аввалини маҷаллаи илмӣ — амалии «Масъалаҳои забоншиносӣ ва тарҷума», ки соле чор маротиба нашр мегардад, ғолиб омадани донишҷӯйи курси якуми факултети романӣ — германӣ Зебуннисо Худоёрова дар озмуни «Ҷавондухтари ҳунарманди сол — 2018» ва бо ифтихорнома қадрдонӣ гардидани донишҷӯйи курси дуюми факултаи забонҳои Шарқ Зебуннисо Ҳамидзода аз ҷониби рӯзномаи «Ҷумҳурият» барои омода намудани матолиби ҷолиб дар саҳифаи иттилоотӣ — фароғатии «Шоми Душанбе» аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими соли 2018 — и донишкада арзёбӣ шуд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»