Аз нишастҳои матбуотӣ

Бе пешрафти соҳаи кишоварзӣ саноатикунонии мамлакат ғайриимкон аст

№90 (3884) 26.07.2018

DSC_9257Ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Амонулло Салимзода дар нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон баён дошт, ки роҳбарият ва профессорону омӯзгорони ин даргоҳ тамоми неруи худро баҳри он равона кардаанд, ки соҳаи кишоварзиии ҷумҳуриро ба сатҳи баланди инкишоф расонанд. Зеро бе пешрафтаи соҳа рушди кишвар имконнопазир аст. Давраи бо белу каланд, юғу испор ба роҳ мондани киштукор ва амсоли онҳо кайҳо гузаштааст, акнун бидуни такя ба дастовардҳои илмию техникӣ қадаме наметавон пеш гузошт. Ин ҳама роҳбарияти донишгоҳро водор менамояд, ки барои фаъолияти пурсамари устодон ва донишу ҳунаромӯзии донишҷӯён шароити мусоиди кориро фароҳам оваранд.

Дар донишгоҳ 6 академик, 7 узви вобастаи Академияи илмҳои кишоварзиии ҶТ, 46 доктори илм, 57 профессор, 126 номзади илм фаъолият доранд.

Дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби шӯроҳои диссертатсионии амалкунандаи донишгоҳ 13 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуданд. Илова бар ин, дар самти муҳандисӣ дар шӯроҳои диссертатсионии Федератсияи Россия ва Қирғизистон 1 нафар рисолаи докторӣ, 3 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд.

Дар 9 факултети донишгоҳ 6314 донишҷӯ аз рӯйи 18 ихтисос дар шуъбаи рӯзона ва 1876 донишҷӯ дар шуъбаи ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар ҷараёни таълим аз усули муфиди пайвастани илм бо истеҳсолот васеъ истифода бурда мешавад. Донишҷӯён дар муассисаю корхонаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ таҷриба меандӯзанд. Дастовардҳои намояндагони донишгоҳ дар озмуну олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳам умедбахшанд.

Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»