Аз нишастҳои матбуотӣ

Бунёди 179 иншооти ҷашнӣ дар ноҳияи Данғара

№21 (4761) 14.02.2024

12Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Данғара Сиҷоуддин Саломзода 8-уми феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки бо мақсади дар сатҳи баланд пешоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия корҳои ободонию созандагӣ идома доранд. Аз шумораи 179 иншооти банақшагирифташуда дар 55 иншоот корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

Иттилоъ гирифтем, ки арзиши умумии иншооти бунёдшуда зиёда аз 300 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни замон дар 124 иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд.

- Дар доираи корҳои ободонӣ бунёди 15 бинои нави муассисаҳои таълимӣ барои зиёда аз 7 ҳазор хонанда дар ду баст ба нақша гирифта шудааст. Соли 2023-юм 8 бинои нави муассисаи таълимӣ барои 4600 ҷойи нишаст дар ду баст мавриди истифода қарор дода шуд.

Соли гузашта 25 километр роҳҳои маҳаллӣ мумфарш гардида, зиёда аз 60 километр роҳҳои деҳот сангфарш карда шуданд. Бо ҷалби шаҳрвандон ва соҳибкорон ба маблағи 5,1 миллион сомонӣ корҳои таъмиру навсозии роҳҳои маҳаллӣ ба анҷом расонда шуд.

Бо мақсади рушди соҳаи саноат ва таъсиси бештари ҷойҳои нави корӣ бо ҷалби соҳибкорон бунёди 30 корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, дӯзандагӣ, ширӣ, ҳасиб, меваю сабзавот, макарон ва равғани растанӣ, ба нақша гирифта шудааст. Соли 2023 чор коргоҳи истеҳсолӣ бо 165 ҷойи нави корӣ ба истифода дода шуданд.

Ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳия ба 2,5 миллиард сомонӣ расонда шуд, ки дар муқоиса нисбат ба соли гузашта 196,4 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 38770 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ анҷом дода шуд, ки 27 ҳазору 549 гектари онро зироатҳои ғалладонагӣ ташкил медиҳад. Изҳор гардид, ки дар баробари таъмини бозори истеъмолӣ соли гузашта аз ноҳияи Данғара 3605 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст.

И. РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»