Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Хатлон 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад

№93 (4199) 04.08.2020

raisi20vilojat-sajt128 июли соли равон дар Кохи нав­бунёди фарҳанги шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Раиси вилоят роҷеъ ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар нимсолаи якум, аз ҷумла, қайд кард, ки иҷрои нақшаи андозҳо, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ, 100,4 фоиз таъмин ва ба буҷет 711,8 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақша се миллион сомонӣ зиёд мебошад. Соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ба андозаи 836,4 миллион сомонӣ ­маблағгузорӣ гардиданд.

Дар вилоят 21 ҳазору 452 ҷои нави кор таъсис дода шуд.Тавассути баргузории 155 ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ 2 ҳазору 107 нафар бо ҷои кор таъмин карда, дар маҷмӯъ, 3 ҳазору 596 шаҳрванд бо шуғл фаро гирифта шуданд.

То 10-уми июли соли ҷорӣ аз вилоят ба хориҷи кишвар 84 ҳазору 311,6 тонна маҳсулот содирот шудааст, ки 94 фоизи нақшаро дар бар мегирад.

Тавре Қурбон Ҳакимзода афзуд, дар 6 моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 3800,1 миллион сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 186,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар вилоят 90 номгӯи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад.

Бахшида ба ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳо бунёд ва азнав­созии 7 ҳазору 654 иншоот ба нақша гирифта шудааст, ки то ин дам 4 ҳазору 378 адади он мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Сипас, раиси вилоят ба суолҳои рӯзноманигорон оиди аз кор мондани корхонаҳои саноатӣ, таъмини журналистон бо утоқҳои корӣ, бунёди боғҳои фарҳангию фароғатӣ дар шаҳру ноҳияҳо, сари вақт насупоридани андоз аз ҷониби баъзе мансабдорон, баҳси хоҷагиҳои деҳқонӣ, норасоии оби нӯшокӣ дар шаҳри Кӯлоб, фоизи пасти ҷалби кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ ва мушкилиҳои соҳаи кишоварзӣ посух гуфт.

Дар фарҷом ба собиқадорони матбуоти вилоят ва як қатор журналистони ҷавон аз ҷониби раиси вилоят ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ, аз қабили роҳхат ба осоишгоҳҳои дохили ҷумҳурӣ тақдим шуд. Хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб Исломи Раҷабалӣ низ бо ифтихорнома сарфароз гардид.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»