Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар натиҷаи офатҳои табиӣ 8 нафар ба ҳалокат расид

№24 (4607) 13.02.2023

КЧС - Назаров7-уми феврали соли 2023 зимни нишасти матбуотӣ муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Имомалӣ Иброҳимзода иброз намуд, ки соли 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 697 ҳодиса ва ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 46 офати табиӣ ба аҳолӣ ва иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарари моддӣ расонидаанд.

- Бар асари офатҳои табиӣ 8 нафар шаҳрвандони кишвар ба ҳалокат расиданд. Сарфи назар аз рейдҳои мунтазам, корҳои фаҳмондадиҳӣ, муроҷиатҳо тавассути телевизион, радио ва нашрияҳо, мутаассифона шаҳрвандон дар обанборҳо ғарқ мешаванд. Дар давраи зикршуда бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми шиноварӣ дар дарёву кӯлҳо 160 ҳалок шуданд, — гуфт зимни нишасти матбуотӣ Имомалӣ Иброҳимзода.

Соли 2022 се шаҳрванди кишвар ба Академияи ҳифзи шаҳрвандии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия дохил шуданд. Ҳоло дар ин донишгоҳ 5 нафар афсари кумита ва 14 курсант таҳсил мекунанд. Дар самти мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода соли 2022 машқҳои маҷмӯии мудофиаи гражданӣ, машқҳои фармондеҳӣ — ситодӣ, машқҳои тактикӣ — махсусӣ, машқҳо ва омӯзишҳои ситодӣ оид ба мудофиаи гражданӣ баргузор шуданд.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»