Аз нишастҳои матбуотӣ

Дар Вахш корхонаи нассоҷӣ бунёд мешавад

№24 (4607) 13.02.2023

Қурбоналӣ ҚувватзодаРаиси ноҳияи Вахш Қурбоналӣ Қувватзода 9-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки 60 фоизи кор дар Корхонаи нассоҷии «Ваҳдат – текстайл – Вахш» ба анҷом расидааст.

Бо ин мақсад аллакай 12 миллион доллар маблағгузорӣ шуда, насби таҷҳизот идома дорад. Иқтидори истеҳсолии он 34,5 миллион ҷуфт ҷӯроб дар як сол буда, баъд аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан 400 сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Инчунин, дар ноҳия бунёди Корхонаи шир ва маҳсулоти ширии «Нуфузи Вахш» дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Корхона иқтидори коркарди 570 тонна шир дар як солро дошта, бо харҷи 3 миллион сомонӣ бунёд шудааст.

Бунёди корхонаи коркарди мева, сардхона ва истеҳсоли карбос низ ба марҳилаи ниҳоӣ расид. Як қисми маблағи бунёди онро ташкилоти ғайридавлатии ЮСАИД сармоягузорӣ кардааст.

Соли гузашта дар ноҳия 23 иншооти таъиноти гуногун ба истифода дода шуд, ки дар онҳо сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»