Аз нишастҳои матбуотӣ

Дастовардҳои нахустин мактаби олии кишвар назаррасанд

№85 (4035) 16.07.2019

ДДОТ- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ нахустин мактаби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тайёр намудани ­кадрҳои илмию омӯзгорӣ саҳми арзанда дорад, — таъкид кард ректори донишгоҳ Нуъмонҷон Ғаффорӣ зимни нишасти матбуотие, ки 11 июл дар ин махзани илму дониш баргузор гардид.

Ӯ, афзуд, ки дар шашмоҳаи аввали соли равон як рисолаи докторӣ ва 32 рисолаи номзадӣ, дар маҷмӯъ, 33 рисола аз тарафи устодону аспирантон ва унвонҷӯёни донишгоҳ бомуваффақият дифоъ гардид.

Инчунин, бо қарори Шӯрои илмию методии донишгоҳ 27 китоби дарсӣ ва 352 дастури таълимӣ интишор ёфт. Айни ҳол дар донишгоҳ 3 шӯрои диссертатсионии Комиссияи олии аттес­татсионии Федератсияи Россия доир ба илмҳои педагогика, филология ва география, 3 шӯрои диссертатсионии КОА ҶТ оид ба филология, химия, биология ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ амал менамояд.

Зикр шуд, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» донишҷӯёни донишгоҳ соҳиби 8 ­диплом, 4 ифтихорнома ва ҷои дуюм гардиданд.

Дар донишгоҳ 736 донишҷӯ тибқи Квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки 231 нафарашон бо хобгоҳ таъмин карда шудаанд. Инчунин, ба 38 ятими кулл ва 73 маъюб соли таҳсили ҷорӣ аз тарафи донишгоҳ 34800 сомонӣ ва ба омӯзгорони собиқадори бемор 18850 сомонӣ кумак расонида шуд.

Соли таҳсили 2018-2019 созишномаҳои ҳамкорӣ бо Донишгоҳи давлатии Комсомолскийи Амур, Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубӣ, Донишгоҳи давлатии Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон ва Донишгоҳи шаҳри Венаи Ҷумҳурии Австрия ба имзо расиданд.

ВОРИС, «Садои мардум»