Аз нишасти матбуотӣ

Дастоварди бештар дар бахши сохтмон ба даст омад

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

- Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ корхонаҳои саноатӣ, новобаста аз шакли моликияташон, якҷоя бо соҳибкорони инфиродӣ ба маблағи 59341 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015-ум 2498 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Маҳсулоти кишоварзӣ бошад, 179670 ҳазор сомониро ташкил дод, — гуфт раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ зимни нишасти матбуотӣ, ки 20 июли соли равон баргузор гардид.

Натиҷаҳои беҳтар дар соҳаи сохтмон ба даст оварда шуд. Тайи ин муддат дар ноҳия маркази саломатӣ барои қабули 400 нафар дар як баст, бинои 5-ошёна дар шаҳраки Сомониён мавриди истифода қарор гирифт, ки дар ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуд. Айни замон сохтмони бинои истиқоматии 5-ошёна дар маркази шаҳраки Сомониён, корхонаи истеҳсоли хишт дар шаҳраки Турсунзода, 11 бинои баландошёна, 4 муассисаи таълимӣ, як сардхона ва зиёда аз 250 нуқтаи савдо, хизматрасонӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, биноҳои иловагӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншооти хурду миёна дар арафаи анҷомёбист. Ин боис шуд, ки пардохти маблағи андозҳо дар нимсолаи аввал ба 23779 ҳазор сомонӣ расида, қисми даромади буҷети ноҳия ба андозаи 100,7 фоиз ё ба маблағи 54819 ҳазор сомонӣ иҷро гардад.

Дар охир масъалаҳои вобаста ба ғасби замин, бо ҳавзҳои шиноварӣ таъмин намудани аҳолӣ дар фасли гармо, таъмири роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ дар рӯзҳои истироҳатӣ ва ғайра мавриди суолу ҷавоб қарор гирифтанд.

 М. ЗОКИР, «Садои мардум»