Аз нишастҳои матбуотӣ

ДДТТ. 6 барномаи таълимӣ соҳиби аккредитатсияи байналмилалӣ гардид

№88 (4194) 21.07.2020

kodirovaДонишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф аз рӯи 34 нишондод муайян намудааст, ҷойи чорумро ишғол кард.

Ин нуктаро муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии донишгоҳ Заррина Қодирова 17 июл зимни нишасти матбуотӣ зикр кард. Дастоварди дигари Донишгоҳи давлатии тиҷорат аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштани 6 барномаи таълимӣ, аз ҷумла, 4 барномаи бакалаврӣ ва 2 барномаи магистрӣ маҳсуб мешавад.

Бино ба гуфти ӯ, таълиму тарбия дар донишгоҳ зери назорати доимӣ буда, дар давоми шаш моҳи соли ҷорӣ ҳайати устодону донишҷӯён ба бисёр дастовард ноил гардиданд. Тавре иттилоъ дода шуд,  ба сессияи тобистона, ки ба нимсолаи аввали сол рост меояд, 2964 донишҷӯ роҳ дода шудаанд, ки 2624 нафар онро аз рӯи натиҷаи холҳои рейтингии 1 ва 2-юм мусбат ҷамъбаст намудаанд. Аз ҷумла, 53 нафар (2 дарсад) баҳои аъло, 449 нафар (19 дарсад) баҳои хубу аъло, 125 нафар (4,8 дарсад) баҳои хуб, 1847 нафар (70,4 дарсад)  баҳои омехта, 100 нафар (3,8 дарсад) баҳои қаноатбахш ва 340 нафар (11,5 дарсад) баҳои ғайриқаноатбахш гирифтанд.

Дараҷаи азхудкунӣ дар донишгоҳ 88,5 дарсадро ташкил додааст.

Ш. Солеҳ,  

«Садои мардум»