ДМТ. Ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ густариш меёбанд

№85 (4035) 16.07.2019

DSC_0203Густариши ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.  Ин андешаро ректори донишгоҳ Муҳаммадюсуф Имомзода 11 июл зимни нишасти матбуотӣ баён кард.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ донишгоҳ бо 14 муассисаи илмиву таълимии кишварҳои хориҷӣ қарордоди дуҷониба ба тасвиб расонд ва дар ин замина шумораи онҳо ба 235 расид. Доираи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хеле густурда буда, мамлакатҳои гуногуни қитъаҳои Осиё, Аврупо ва Америкаро фаро мегирад.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки донишҷӯёни донишгоҳ барои таҷрибаомӯзии пешаздип­ломӣ ва навиштани рисолаи дипломӣ ба Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов, Донишгоҳи дӯстии халқҳои Россия, Донишгоҳи миллии Авруосиёии ба номи Л. Н. Гумилёви Қазоқистон, Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Хитой ва Донишгоҳи Филиппс-Марбурги Олмон фиристода шуданд.

Раёсати донишгоҳ барои тарғиби забон ва фарҳанги тоҷик дар хориҷи кишвар иқдомҳои наҷибро роҳандозӣ кардааст, ки фаъолияти Маркази забон ва фарҳанги тоҷик дар назди Донишгоҳи давлатии лингвистии Москва (ДДЛМ) далели ин гуфта аст. Инчунин, соли ҷорӣ факултети муштараки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Беларусро 30 донишҷӯ хатм намуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки таъсиси факултети зикршуда 5 сол муқаддам, зимни сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус ва боздид аз Донишгоҳи давлатии Беларус таъкид шуда буд.

Дар баробари ин, зимни 12-умин намоишгоҳ ва Форуми занҳои ихтироъкори ҷаҳон, ки 20-23 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Сеули Кореяи Ҷанубӣ баргузор гашт, муаллимаи ДМТ, номзади илмҳои кимиё Маҳина Султонмамадова соҳиби медали тиллои Ассотсиатсияи ихтироъкорони Ҷумҳурии Халқии Хитой ва ҷоизаи махсуси «Беҳтарин зани ихтироъкор»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон шуд. Ҳамчунин, докторанти Ph.D факултети биология Меҳринигори Булбулназар бо медали биринҷии форум қадрдонӣ гардид.

Ҷ. САБОҲИДДИН,