Аз нишастҳои матбуотӣ

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон: 83 нафар дипломи «Аъло» гирифт

№24 (4607) 13.02.2023

Дон Молия (2)Ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Абдуалимзода Ҳакимбек Абдуалим зимни нишасти матбуотӣ, ки 8- уми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, зикр намуд, ки донишгоҳ соли гузашта ба як қатор дастовардҳо ноил гардид.

Аз ҷумла таъкид шуд, ки сохтмони бинои нави таълимии панҷошёна бо таҳхонааш бо тарҳи замонавӣ барои 3000 ҷои нишаст дар як баст анҷом ёфта, 20-уми декабри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор ёфт.

Донишгоҳ дар рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ки аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда мешавад, мақоми чорум ва тибқи Рейтинги Wedometrics Ronkingf Word Universities (шаҳри Мадриди Испания) дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҷои сеюмро нигоҳ дошт.

Даҳ нафар устодон ва муҳаққиқони донишгоҳ рисолаҳои номзадиашонро бомуваффақият ҳимоя намуданд. Дар натиҷа, ҳиссаи устодони дараҷаи илмидор зиёд гардида, синну соли миёнаи онҳоро ҷавонтар намуд.

Донишҷӯёни донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» ширкати фаъол намуданд. Магистранти донишгоҳ М. А. Панявин аз фанни технологияи иттилоотӣ дар даври шаҳрии озмун сазовори ҷои якум (мукофотпулӣ -20 000 сомонӣ) ва дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойи дуюм ва мукофотпулӣ ба андозаи 25 000 сомонӣ гардид. Донишҷӯи курси дуюм Аниса Давлатзода аз рӯи номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» бо кашфиёти хеш- торт барои шахсони мубталои диабети қанд соҳиби ҷойи сеюм ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ шуд.

Бо мақсади омода кардани кадрҳои баландихтисос дар сатҳи байналмилалӣ донишгоҳ аз давраи таъсис ба рушди робитаҳои байналмилалӣ диққати махсус зоҳир намуда, бо 126 донишгоҳ ва ташкилотҳои хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

- Соли гузашта аз рӯи ҳамаи ихтисосҳо Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистонро 1661 нафар, аз ҷумла 83 нафар бо дипломи «аъло», хатм намуданд. Тақсимоти ҳарсолаи хатмкунандагон ҳар сол дар асоси дархостҳои воридшуда сурат гирифта, онҳо ба вазоратҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои молиявию қарзӣ, корхонаю идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳое, ки эҳтиёҷ ба мутахассисони соҳаҳои маориф, иқтисод ва идора доранд, равон карда мешаванд. Аз шумораи умумии хатмкардагон тақрибан 47 — 48 фоиз бо ҷои кор таъмин мешаванд, — изҳор дошт дар интиҳо ректори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»