Аз нишастҳои матбуотӣ

Эмгузаронӣ ба 9786544 сар ҳайвону паранда

№87 (4193) 18.07.2020

Kumitai-behatarii-ozukavoriРаиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода 16 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ дар 9786544 сар ҳайвону паранда бар зидди бемориҳои сӯхтанӣ, вабои  сумдард, сиёҳ­рони чорвои калони шохдор ва ғайра эмгузаронӣ шуд. Дар ин давра 53595 сар чорвои калони шохдор дар робита ба бемории сил ташхис шуда, аломатҳои беморӣ муайян нашудаанд.

Зикр шуд, ки дар натиҷаи гузаронидани ташхис маҳсулоти ба талаботи бехатарии озуқаворӣ ҷавобгӯнабуда, аз ҷумла, 33865,8 кило маҳсулоти гӯштӣ, 5731,6 литр маҳсулоти ширӣ, 11310 дона тухм, 53083,8 кило меваю сабзавот 434,2 кило  моҳӣ, 656 литр равғани растанӣ, 6059,8 кило полезӣ ва 346 кило асал ҳамчун  маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян ва нобуд карда шуд.

Тайи ин муддат аз Федератсияи Россия, Голландия, Олмон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Хитой, Туркия, Покистон, Эквадор, Латвия, Литва, Қирғизистон, Эрон ва дигар давлатҳо 1 миллиону 82 ҳазору 380 тонна маҳсулоти гуногуни таҳти  карантинӣ ворид гардида, мавриди назорат қарор гирифт.

Нимсолаи якуми соли ҷорӣ дар нуқтаҳои назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ 29762 автомашина безарар карда шуда, аз ин ҳисоб 811392 сомонӣ ба суратҳисоби махсус ворид шуд.

С. СУННАТӢ«Садои мардум»