Аз нишастҳои матбуотӣ

Фурудгоҳи Бохтар навсозӣ мешавад

№23 (4606) 10.02.2023

Ф. Абдурашидзода директори фурудгохФурудгоҳи байналмилалии шаҳри Бохтар соли 2022 бо ду ширкати ҳавопаймоӣ, аз қабили «Северный ветер» ва «Авиакомпания Сибир»-и Федератсияи Россия парвозҳои мунтазамро анҷом дода, дар ин давра ба 473 хатсайр хизмат расонида шудааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2021-ум 187 хатсайр зиёд мебошад.

Дар ин бора директори генералии фурудгоҳи мазкур Фарҳод Абдурашидзода 6-уми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Қайд гардид, ки соли 2022 ба 130 ҳазору 77 мусофир хизмат расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80 ҳазору 981 нафар зиёд мебошад.

Соли 2022 фурудгоҳ ба буҷет 25 миллиону 58 ҳазору 800 сомонӣ маблағ ворид кардааст, ки ин нишондод дар қиёс ба соли 2021 ба андозаи 8 миллиону 66 ҳазору 700 сомонӣ зиёд аст.

- Соли равон бо харҷи 11 миллион сомонӣ толори қабулу гусели мусофирон пурра навсозӣ карда мешавад, — гуфт Ф. Абдурашидзода.

Феълан дар фурудгоҳ 197 нафар кормандон фаъолият мекунанд, ки 48 нафарашонро занон ташкил медиҳанд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

 «Садои мардум»