Аз нишастҳои матбуотӣ

Ҳисоботи электронӣ маъмул мегардад

№93 (4199) 04.08.2020

ОМОР (1)Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода 30 июли соли равон дар нишасти матбуотӣ изҳор намуд, ки тайи 6 моҳи соли равон 4929 кори оморӣ ба анҷом расид.

Зикр шуд, ки бо сабаби гузариш ба ҳисоботи электронӣ сол то сол нашри шаклҳои омории коғазӣ кам гардида, дар маҷмӯъ 41,4 дарсад коҳиш ёфт.

- Гузариш ба он тақозои замон буда, дар доираи татбиқи Лоиҳаи « Стратегияи миллии рушди омор» 7 шакли ҳисобот ва айни замон 35 шакли ҳисоботи омории моҳона, семоҳа ва солонаи соҳавӣ, аз ҷумла, ҳисобот оид ба меҳнат ва ҳаракати қувваи корӣ, иҷтимоӣ, ҳисоботи соҳаҳои саноат, савдо ва хизматрасонӣ, захира ва таъминот, сохтмон, нақлиёт, молия, ҳисоботи солонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ бо усули электронӣ ба роҳ монда шуданд. Дар самти пешниҳоди ҳисоботи электронии дигар соҳаҳо низ иҷрои кор идома дорад, — гуфт Гулнора Ҳасанзода.

Номбурда қайд кард, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ камшавии бақайд­гирии никоҳ мушоҳида шуда, ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10,5 дарсад кам гардид.

Ҷудошавии оилаҳо низ тамоюли коҳишёбиро касб намуда, 5498 ададро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли сипаришуда 9,6 дарсад кам мебошад.

Аз 1 то 15 октябри соли равон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани он мутасаддиён омодагии ҷиддӣ мегиранд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»