Аз нишасти матбуотӣ

«Капитал» — и Шаҳринав маблағи гардон надорад

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

DSCN9996- Кишоварзӣ соҳаи муҳимтарини хоҷагии халқи ноҳияи Шаҳринав буда, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулот дар ҳама шакли хоҷагӣ 44 миллиону 325 ҳазор сомониро ташкил намуд ва иҷрои нақша ба 105,4 фоиз баробар шуд. Ҳосилнокии майдонҳои ғалладона дар заминҳои обӣ 45 сентнериро ташкил намуд. Деҳқонон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта картошка ва саб­завоту мева зиёд ҷамъо­варӣ карданд, — гуфт дар нишасти матбуотӣ 27 июли соли 2016 раиси ноҳияи Шаҳринав Аюбзода Нус­ратулло Наҷмиддин ва афзуд:

- Нақшаи ҷамъоварии андозҳо ба буҷети маҳаллӣ ба андозаи 116 фоиз иҷро шуда, қарздорӣ аз музди меҳнат, нафақа, кумакпулию идрорпулӣ ҷой надорад.

Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра бензин, сӯзишвории дизелӣ, мазут, хишт, шароб, қуми майда, нахи пахта, чигит истеҳсол карданд.

Дар асоси «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шаҳринав дар давраи солҳои 2007-2015» сохтмони биноҳои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, маркази ҷавонон, филиали №18 марбут ба «Амонатбонк», мактаб барои 624 ҷои нишаст ва бинои прокуратура идома дорад.

Раиси ноҳия дар робита ба фаъолияти ҶДММ «Капитал» иброз дошт, ки маҳсулоти корхонаи мазкурро (бензин, сӯзишвории дизелӣ) якчанд корхона харидорӣ карда, маблағашро напардохтаанд. Дар натиҷа, бинобар набудани маблағҳои гардон, фаъолияти ин корхона қариб қатъ шудааст.

Дастгирии маъюбон ва оила­ҳои камбизоат аз ҷузъи муҳими фаъолияти эҳсонкории ташкилоту муассиса, идораҳо ва соҳибкорону шахсони саховатманди ноҳия маҳсуб меёбад. Ба ин гурӯҳи аҳолӣ дар арафаи ҷашну идҳо кумаки қобили мулоҳиза расонида мешавад.

Ноҳия мавзеъҳои хуби сайёҳӣ дорад ва ташкили хатсайрҳо ба ин ҷойҳо аз вазифаҳои муҳими бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ аст. Таъсиси хатсайр­ҳои сайёҳӣ ба мавзеъҳои Пуштимиёна, Ҳакимӣ, Лаби ҷай, Хоҷа Ҳасан, Тахти Сулаймон, кӯлҳои табиии Париён, Темурдара, Ҷувозак ва чашмаи моҳиёни Хуҷӣ аз ҷумлаи тадбирҳое хоҳад буд, ки омадани сайёҳонро ба ноҳия зиёд карда, даромади иловагӣ ба буҷети маҳаллӣ меорад.

 Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум»