Аз нишастҳои матбуотӣ

Коллеҷи тиббӣ соҳиби хобгоҳи замонавӣ мешавад

№ 01.08.2023

31 – уми июли соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» бо иштироки намояндагони ВАО – и шаҳру минтақа ва ҷумҳурӣ нишасти матбуотӣ доир гардид. Директори таълимгоҳ Зубайдулло Азиззода изҳор дошт, ки Коллеҷ аз панҷ бинои таълимӣ, як хобгоҳ барои донишҷӯён, се ташхисгоҳи таълимӣ – лабораторӣ, маркази таълимӣ – истеҳсолии фарматсия, маркази таълимии табобатии стомотология бо устохонаи дандонсозӣ, 141 – кабинетҳои таълимӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, толори маҷлисгоҳ барои 110 ҷойи нишаст ва китобхона иборат мебошад.

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки бинобар сабаби норасоии ҷойи зисти донишҷӯёни роҳдур айни замон дар шафати Коллеҷи тиббӣ сохтмони бинои хобгоҳ иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Маблағи сохтмони хобгоҳ 33 миллиону 595 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. То ин давра ба маблағи 18 миллиону 371 ҳазору 900 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидааст.

- Дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб аз рӯи 8 ихтисос — «Кори момодоягӣ», «Кори табобатӣ», «Кори ҳамширагӣ», «Кори тиббию профилактикӣ», «Кори фарматсевтӣ», «Кори дандонсозӣ», «Кори тиббию ташхисӣ» ва «Кори табобати дандон» мутахассисони миёнаи тиббӣ омода карда мешаванд, — гуфт А. Зубайдулло.

Зикр гардид, ки дар коллеҷ ба хотири ҳавасмандгардонии донишҷӯёни фаъол, яъне аълохон, стипендияи профессор Раҳмонзода Раҳматулло Азиз, аз ҷониби фарзандонаш таъсис дода шудааст, ки ҳар сол 20 нафар донишҷӯи коллеҷ бо он сарфароз гардонида мешаванд.

Бо вуҷуди пешравиҳо айни замон набуди таҷҳизот, олоти тиббии муосир, аёният, реактив барои корҳои лабораторӣ,  адабиёти муосир аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ, нарасидани кабинетҳои фаннӣ, мавҷуд набудани дармонгоҳ ва клиникаи назди коллеҷӣ барои омӯзгорону донишҷӯён ва набуди толори лексионӣ аз ҷумлаи мушкилоти Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб мебошанд.

Исломи РАҶАБАЛӢ, 

«Садои мардум»