Аз нишастҳои матбуотӣ

Кореяи Ҷанубӣ дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли электромобил сохтанист

№93 (4199) 04.08.2020

Farruh-HamralizodaРаиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода 28 июли соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 15 созишномаи нав ба маблағи 6 миллиард сомонӣ ба имзо расид, ки 3,7 миллиарди он (61,5 дарсад) грант мебошанд. Инчунин, дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда 341,2 миллион сомонӣ дар соҳаи энергетика, 337,1 миллион сомонӣ — нақлиёт, 122,5 миллион сомонӣ — маориф, 97,9 миллион сомонӣ — тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷамъ ба маблағи 1,2 миллиард сомонӣ аз худ карда шуд.

Зикр шуд, ки дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 марти соли 2020 аз ҷониби кумита Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ «Ғаюр» оид ба истифода додани корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ ба имзо расид. Тибқи он, дар ноҳияи Синои пойтахт корхонаи истеҳсоли халтаҳои полипропиленӣ бо харҷи 100 миллион сомонӣ сохта, мешавад, ки дар он 100 нафар бо ҷои кор таъмин хоҳанд шуд.

- Бинобар паҳншавии бемории COVID — 19 дар ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани маҳдудиятҳои вобаста ба ҳамлу нақл дар як қатор лоиҳаҳо мутахассисону масъулон ба Тоҷикистон омада натавонистанд. Ин таъсири манфӣ дар татбиқи лоиҳаҳо расонид, — гуфт Фаррух Ҳамрализода.

Аз ҷумла, намояндагони ширкати «Ян санг»- и Кореяи Ҷанубӣ мебоист ба шаҳри Душанбе омада, бунёди корхонаи истеҳсоли электромобилро баррасӣ мекарданд.

Масъулин бо як қатор ширкатҳои ватанӣ дар бобати ба истифода додани корхонаҳои маъдантозакунӣ, металлургӣ, истеҳсоли металлҳои ранга ва қиматбаҳо кор бурда истодаанд. Дар сурати татбиқи лоиҳаҳои пешбинишуда 3,2 миллиард сомонӣ ҷалб шуда, 8 корхонаи истеҳсолӣ бунёд ва 2000 нафар соҳиби ҷои кор мегарданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»