Аз нишастҳои матбуотӣ

Маҳмуд Тошматов: «Дар шаш моҳ 266 нафар аз ДТТ хориҷ шудаанд»

№90 (3884) 26.07.2018

Дар нимсолаи аввали соли 2018 Донишгоҳи технологии Тоҷикис­тонро 735 нафар хатм намуд, ки аз ин шумора 31 нафар соҳиби дипломи аъло гашт. Дар шаш моҳи сипаригардида 266 нафар бо сабабҳои гуногун аз донишгоҳ хориҷ гардид. Ин нуктаро муовини якуми ректори донишгоҳ Маҳмуд Тошматов 20 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ зикр кард.

қайд гардид, ки дар донишгоҳ татбиқи якчанд лоиҳаи грантӣ аз тарафи олимону донишмандон ба роҳ монда шудааст, ки самараи хуб ба бор овардаанд.

Дар натиҷаи татбиқи лоиҳаҳои байналмилалӣ марказҳои нав, аз ҷумла соҳибкории инноватсионии ҷавонон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва либосҳои миллӣ, таомҳои аврупоӣ ва миллӣ, барномасозӣ, синфхонаи компютерӣ, озмоишгоҳи фаннӣ ва таҷҳизоти муосири зарурӣ таъсис дода шуданд.

Дар доираи ҳамкориҳои байналмилалӣ аз кишварҳои Олмон,Хитой, Испания, Корея, Федератсияи Россия, Қазоқистон ва ғайра 47 олим ба донишгоҳ ташриф оварда, машғулият гузарониданд.

Маҳмуд Тошматов аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки дар тӯли шаш моҳ 351 кори илмӣ-методӣ нашр шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,2 маротиба зиёд аст.

Ҷамшеди САБОҲИДДИН, «Садои мардум»