Аз нишасти матбуотӣ

Маблағҳои буҷетиро ғайриқонунӣ аз худ кардаанд

№103-104 (3583-3584) 03.08.2016

DSC_0855Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ зарари молиявии ба давлат расонидашуда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 80,2 млн.сомонӣ зиёд ошкор гардидааст. Дар баробари ҳар сол афзоиш ёфтани ҳаҷми Буҷети давлатӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаву муассисаҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидории давлатӣ назорати дохилиидоравиро дар сатҳи зарурӣ ба роҳ намонда, сарфи назар аз натиҷаи тафтишу санҷишҳои қаблӣ ва риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ба хароҷоти ғайриқонунӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, рӯйпӯшнамоии андозу пардохтҳо ва дигар зуҳуроти коррупсионӣ роҳ медиҳанд, ки дар натиҷа ба таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии давлат таъсири манфӣ мерасонад.

Дар рафти тафтишу санҷишҳои молиявӣ 125,5 млн. сомонӣ зарари ба давлат расонидашуда барқарор карда шуд, ки 56,7 фоизи зарари ошкоргардидаро ташкил медиҳад. Бояд гуфт, ки 86,6 млн. сомонии он ба буҷет ва 38,9 млн. сомонии дигар ба корхонаҳо барқарор карда шуд.

Камбудию норасоиҳои ҷиддӣ, аз ҷумла камомад ва тасарруфи маблағу воситаҳои давлатӣ дар рафти тафтиши фаъолияти Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Амонатбонк» ва бахшҳои он ошкор карда шуданд.

Чорабинии назоратии баргузорнамуда ҳолатҳои тасарруфи маблағҳои хазина, талафи маблағҳои қарзӣ, дуздии маблағҳои ба амонат гузоштаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро ошкор намуд. Дар натиҷаи баҳисобгирии маблағҳои нақдӣ ва барӯйхатгирии молу ашёи арзишнок дар филиалҳои БДА ҶТ «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зарари молиявӣ ба маблағи 31 млн. 395,0 ҳазор сомонӣ муайян карда шуд, ки аз ҳисоби камомади воситаҳои пулию молӣ, тасарруфи маблағҳои қарзӣ ва дигар хароҷоти ғайриқонунӣ ба амал омадааст.

Нисбат ба шахсони масъул, ки ба ҷиноят ва тасарруфи маблағҳои буҷетӣ даст задаанд, парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардидааст ва ҷиҳати барқарор намудани зарари молиявии расонидашуда тибқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои зарурӣ андешида мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли 2016 аз ҷониби сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентӣ 1128 ҷинояти коррупсионӣ, иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ва ҷиноятҳои бо андоз алоқаманд ошкор гардидааст, ки 349 адади онро ҷиноятҳои вазнин ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии ҷиноятҳои ошкоркардашуда 249 адади он ҷиноятҳои дуздӣ бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ ба ҳисоб рафта, 49 адади онро маблағҳои калон ташкил медиҳанд. Инчунин, 346 ҷинояти қаллобӣ, 21 ҷинояти саркашӣ аз пардохти андозҳо аз тарафи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ, 55 ҷинояти вобаста ба порахӯрӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ муайян ва ошкор гардидааст.

Дар ин хусус муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрзода Давлатбек Зайниддин дар нишасти матбуотӣ, ки 29 июли соли 2016 доир гашт, гузориш дод.

 Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»