Аз нишастҳои матбуотӣ

Мусодираи маводи нашъаовар 45,6 фоиз зиёд гардид

№23 (4606) 10.02.2023

DSC_3327__ копиДар вилояти Хатлон миқдори мусодираи маводи нашъадор, ки ҷинояткорон аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон ворид мекарданд, зиёд аст. Имсол таносуби мусодира дар вилояти мазкур 61 фоизи умумии кишварро ташкил дод, — гуфт сеюми феврали соли равон зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода.

Зикр гардид, ки дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ аз муомилоти ғайриқонунӣ 4 тоннаву 169 грамм маводи нашъаовар мусодира шуд, ки дар муқоиса бо соли 2021-ум 83 килограмму 105 грамм ё ду фоиз кам мебошад. Аз он 2 тоннаву 449 килограмму 988 грамм дар вилояти Хатлон, 693 килограмму 480 грамм дар шаҳри Душанбе, 302 килограмму 797 грамм дар вилояти Хатлон, 438 килограмму 997 грамм дар ВМКБ ва 115 килограмму 521 грамм дар ноҳияҳои тобеи марказ мусодира гардид.

Соли гузашта агентӣ бо мақомоти салоҳиятдори Федератсияи Россия ду амалиёти муштарак гузаронида, аз муомилоти ғайриқонунӣ дар маҷмӯъ зиёда аз се килограмм маводи нашъа­овар мусодира шуд.

Ҳабибулло Воҳидзода афзуд, ки дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ 4381 нашъаманд дар қайди расмӣ мебошанд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021-ум 368 нафар ё 7,7 фоиз коҳиш ёфтааст. Аз теъдоди умумии нашъамандон 101 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки дар муқоиса бо соли гузашта 6 нафар кам шудааст.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»