Аз нишастҳои матбуотӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободонию созандагӣ меафзояд

№21 (4761) 14.02.2024

119-уми феврал дар нишасти матбуотӣ раиси ноҳияи Рӯдакӣ Абдуғаффор Ҳикматуллозода иброз намуд, ки соли 2023-юм 8212 суб­ъекти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар ин сол аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ба 7019 нафар ба маб­лағи 171 миллиону 131 ҳазор сомонӣ қарз ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2022-юм 5 миллиону 826 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Бино ба гуфти ӯ, дар доираи «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия барои солҳои 2021-2025» амалисозии 230 лоиҳа ба маблағи 221,9 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

- Саҳми соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагии ноҳия назаррас буда, дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи онҳо ба маблағи 9 миллиону 200 ҳазор сомонӣ корҳои ободонӣ иҷро гардидааст. Аз ҷумла, барои корҳои сохтмонию навсозии боғи фарҳангӣ-фароғатӣ, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №3, муассисаҳои томактабӣ, чароғонкунии шоҳроҳи шаҳракҳои Сомониён ва М. Турсунзода, таҷдиди варзишгоҳи марказии ноҳия, навсозии толор ва роҳрави мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бинои кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демок­ратии Тоҷикистон дар ноҳия, мумфаршкунии роҳҳо, кабудизоркунӣ ва насби таҷҳизоти обдиҳӣ дар талу теппаҳои шоҳроҳи Душанбе — Ваҳдат, саҳмгузорӣ дар ярмарка — фурӯши маҳсулоти ватанӣ дар шаҳри Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар корҳои неку созанда саҳм гузошта истодаанд.

Илова бар ин, бевосита аз ҷониби аҳолии ноҳия дар ин давра 3 муассисаи таълимӣ, 4 маркази саломатӣ, 65 синфхонаҳои иловагӣ, 2 пули мошингузар, 3,9 км роҳ мумфарш, 4 толору майдончаи варзишӣ, 1 муассисаи томактабӣ сохта ба истифода дода шуд, — гуфт Абдуғаффор Ҳикматуллозода.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»