Аз нишастҳои матбуотӣ

Сатҳи таваррум 3,8 фоизро ташкил намуд

№22 (4762) 16.02.2024

3 — копия14-уми феврал зимни  нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода гуфт,  ки  соли 2023 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок ҷамъбаст гардида, 3,8 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022-юм 0,4 банди фоизӣ кам мебошад. Бино ба гуфти ӯ, нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 3,4 фоиз, молҳои ғайрихӯрокворӣ — 6,6 ва арзиши хизматрасониҳои пулӣ 1,2 фоиз ба амал омад. Бонки миллии Тоҷикис­тон дар соли ҳисоботӣ ҷиҳати идоракунии сатҳи пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ, коҳиш додани фишорҳои таваррумӣ-қурбӣ ва фаъолгардонии бозори молиявӣ 108 музоядаи фурӯши коғазҳои қиматнокро ба маблағи 8,9 миллиард сомонӣ баргузор кард.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 7,4 фоиз паст гардид.

- Соли 2023 ба низоми бонкии кишвар 2 204,6 миллион доллари ИМА қарз, сармоягузориҳои мустақим ва ҷомадонӣ ҷалб карда шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 66,8 фоиз зиёд мебошад. Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ барои татбиқи самараноки сиёсати пулӣ, пурзӯр намудани танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои бонкӣ, таъмини шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, тақвияти идоракунии корпоративӣ ва ба ин васила нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад, — афзуд Фирдавс Толибзода.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ,

«Садои мардум»