Аз нишастҳои матбуотӣ

Шартҳои техникии ниқоб, маҳлулҳои антисептикӣ ва либосҳои ҳимоявӣ таҳия гардиданд

№89 (4195) 23.07.2020

DSC_5914Тибқи анъана роҳбарияти Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз оғози нишасти матбуотӣ ба журналис­тон озмоишгоҳи муҳташамеро, ки ба наздикӣ мавриди истифода қарор мегирад, нишон доданд. Директори Агентӣ Қудрат Давлатзода шахсан журналистонро роҳнамоӣ намуда, моҳияти иқдомро муфассал шарҳ дод. Сипас, дар толори барҳаво чорабинӣ идома ёфта, журналистон ба саволҳо посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Маълум гардид, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сифат ва таъмини бехатарии маҳсулоти ватанӣ, таҳкими истеҳсолоти воридотивазкунанда ва аз тарафи мутахассисон дар корхонаҳои истеҳсолӣ 1384 чорабинӣ доир шудааст.

Дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвияти истеҳсоли ниқоб, халатҳои махсуси ҳимоявӣ ва маводи антисептикӣ ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии таҳиягардидаи дигар давлатҳо зери омӯзиш қарор дода шуда, шартҳои техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ниқобҳои таъиноти гигиенӣ, муҳофизатӣ ва маишии истеҳсолӣ — ШТ 8400 ҶТ 030000230 — 001-2020», «Маҳлулҳои антисептикӣ — Шартҳои техникӣ» ШТ 9182 ҶТ 030000230 — 002-2020» ва «Комбинезонҳо ва либосҳои болопӯши таъиноти муҳофизатии истеҳсолӣ — Шартҳои техникӣ ШТ 8570 ҶТ 030000230 — 003-2020» таҳия гардиданд.

Бо мақсади дастгирии корхонаҳои истеҳсолӣ дар самти дӯхтани ниқобҳои ҳимоявӣ, либоси махсуси ҳимоявӣ, истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ ҳуҷҷатҳо барои истифода ройгон пешниҳод шуд.

Дар самти назорати бозори истеъмолӣ низ фаъолият тақвият ёфта, вобаста ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» дар 3553 субъекти хоҷагидор санҷиш ва назорати қоидаҳои савдо (хизматрасонӣ) гузаронида шуд. Дар натиҷа, 999 677 кг маҳсулоти ғизоии гуногуни пастсифат ба қайд гирифта шуд, ки як қисмашон аз ҷиҳати бехатарӣ (473 483 кг) ва қисми дигари он аз рӯи тамғагузорӣ дар борҷома (526 194 кг) ба талабот ҷавобгӯй набуданд.

Инчунин, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии «Тоҷикстандарт» аз рӯи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 418 071 кг маҳсулоти гӯштӣ, 157 083 кг равғани растанӣ, 7823 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 2345 литр нӯшокиҳои ташнагишикан, 42 533 кг маҳсулоти қаннодӣ, 7715 кг маҳсулоти ширӣ, 61 036 кг чой, какао, қаҳва, 7 352 кг иловагиҳои ғизоӣ, 48 999 кг намак, 25 902 кг консерваҳо, 625 кг қанду набот, 2070 кг маҳсулоти макаронӣ, 143 798 кг меваи хушк, 35 070 дона тухми мурғ ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон воридотӣ мебошанд, ғайристандартӣ эътироф шуд.

Аз ҷониби мутахассисон барои риоя накардани талаботи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-техникӣ, вориду фурӯши маҳсулоти пастсифат ва хатарнок 4554 ҳолат ошкор гардида,  979 36 сомонӣ ҷарима таъин гардид.

Назорат дар самти бо либоси ягона таъмин будани фурӯшандагони нуқтаҳои савдо ва бозорҳо пурзӯр карда шуда, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои вайрон намудани талаботи муқарраргардида чораҳои дахлдор андешида шуд. Дар маҷмӯъ, барои вайрон кардани қоидаҳои савдо (хусусан барои вайрон намудани талаботи муқарраргардида оид ба либоси ягона) дар 933 ҳолат гунаҳкорон 207094 сомонӣ ҷарима шуданд.

Зикр гардид, ки дар озмоишгоҳи ташхиси маҳсулоти нефтии «Тоҷикстандарт» 291 169 тонна маҳсулот аз ташхис гузаронида шуд. Ба шарофати ин тадбирандешӣ дар 45 ҳолат 286 тонна маҳсулоти нефтӣ ғайристандартӣ дониста, гунаҳкорон муҷозот шуданд.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»