Аз нишастҳои матбуотӣ

Шавкат Бобозода: «Тоҷикистон бо 102 мамлакат савдои хориҷӣ дорад»

№94 (4200) 06.08.2020

Саноат- Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тавсеаи содирот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ курсҳои омӯзиширо оид ба ҷамъоварӣ, захира банду баст ва содироти маҳсулоти кишоварзӣ ташкил намуд, — гуфт сарвари он Шавкат Бобозода дар нишасти матбуотие, ки 3 август баргузор гардид.

Зикр шуд, ки бо мақсади рушди иқтидори содиротии кишвар дар назди Агентӣ КВД «Тоҷагропромэкспорт» таъсис ёфт, ки ҳадафи он харид, захира, нигоҳдорӣ, бастабандӣ ва содироти маҳсулоти рақобатпазир ба хориҷи кишвар аст.

Илова бар ин, бо мақсади шомил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми содироткунандаи Иттиҳоди Аврупо роҳбарияти Агентӣ бо намояндагони Комиссияи Иттиҳоди Аврупо мулоқоти фосилавӣ ташкил намуданд.

Таъкид шуд, ки дар натиҷаи ҳамкорӣ бо як қатор ширкатҳои ватанӣ байни Агентии содирот ва намояндагиҳои он дар вилоятҳои Хатлону Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба афзоиш додани содироти маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ба имзо расид. Аз ҷумла, бо ҶДММ «Меваю сабзавот»-и шаҳри Истаравшан, ҶДММ «Зардолу Компания»-и ноҳияи Ашт, ҶДММ «Олимҷон Аминов» ва ҶДММ «50-солагии Октябр»-и шаҳри Ҳисор.

Тадбирҳои андешидашуда ба он мусоидат намуд, ки  дар нимсолаи якуми соли 2020 содироти маҳсулоти ватанӣ 654,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 83,6 миллион доллар ё 14,7 фоиз афзуд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 102 мамлакат, аз ҷумла, 10 кишвари ИДМ савдои хориҷиро ба роҳ монд.

Тибқи маълумоти оморӣ, то 1 июли соли 2020 аз ҷумҳурӣ 97 ҳазору 77,7 тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи сол 2019 -ум 24 ҳазору 435,2 тонна зиёд буда, 133,6 фоизро ташкил медиҳад.

ВОРИС,

«Садои мардум»